نشرات زنده
فارسی English عربي
36
-
الف
+

Силсилафилми «Суҷон»; ривояте аз вафодорӣ ва ишқ дар iFilm2

«Суҷон» достони духтарест, ки як тасмими ғайричашмдошт сарнавишти зиндагии ӯро дигаргун месозад.

Бо наздик шудани қисматҳои поёнии мавсими дуюми силсилафилми «Рӯзҳои беқарорӣ», шабакаи iFilm2 аз рӯзи чоршанбе, 17 июни соли 2026, силсилафилми «Суҷон»-ро рӯи антенна мебарад; силсилафилми хонаводагӣ ва ошиқонае, ки достони он дар заминаи таҳаввулоти иҷтимоии шимоли Эрон ва дар миёни се насли як хонавода ривоят мешавад.
«Суҷон» ба коргардонии Ҳусайн Табрезӣ ва нависандагии Фаридун Ҳасанпур таҳия шудааст. Достон гирди меҳвари духтаре бо номи «Суҷон» шакл мегирад; духтари деҳотие, ки худро барои издивоҷ бо писарамакаш «Қурбон» омода мекунад, аммо ногаҳон бо тасмиме ғайричашмдошт рӯбарӯ мешавад. Издивоҷи маслиҳатии Қурбон бо духтаре аз як хонаводаи сарватманду бонуфуз зиндагии Суҷонро вориди марҳилаи нав месозад ва ӯро дар баробари душвориҳое қарор медиҳад, ки роҳи ояндаи ӯро тағйир медиҳанд.
Яке аз хусусиятҳои муҳими ин силсилафилм, ривояти ҳамзамони зиндагии се насл аз занони як хонавода мебошад; модаркалон, модар ва Суҷон. Аз ҳамин рӯ, силсилафилм танҳо як достони ошиқона нест, балки тасвире аз дигаргуниҳои иҷтимоӣ, хонаводагӣ ва фарҳангиро дар гузари замон низ пешкаш мекунад. Фазои деҳотӣ, ойину расмҳои маҳаллӣ ва муносибатҳои хонаводагӣ бахши муҳими ҳувияти ин силсилафилмро ташкил медиҳанд.
Дар ин силсилафилм ҳунармандоне чун Беҳзод Фароҳонӣ, Симо Тирандоз, Баҳном Ташаккур, Ғазола Акрамӣ, Сурайё Қосимӣ, Эҳсон Амонӣ, Меҳрдод Зиёӣ, Меҳрон Раҷабӣ, Ромин Ростод ва шуморе аз бозигарони маҳаллӣ ҳунарнамоӣ кардаанд.
«Суҷон» достони интихобҳоест, ки сарнавишти чанд наслро ба ҳам мепайванданд; ривояте аз ишқ, вафодорӣ, нокомӣ ва умед, ки дар фазои сабзу анъанавии шимоли Эрон ба тасвир кашида шудааст.
Дар поён ёдовар мешавем, ки силсилафилми «Суҷон» аз рӯзи чоршанбе, 17 июни соли 2026, соати 16:00 ба вақти Теҳрон, 17:00 ба вақти Кобул ва 17:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи iFilm2 пахш хоҳад шуд.

نظر شما
ارسال نظر
Фотима

Суҷон