نشرات زنده
فارسی English عربي
87
-
الف
+

Ишқ, хонавода ва бақо дар силсилафилми «Тӯбо»; ба зудӣ дар iFilm2

Силсилафилми «Тӯбо» дар канори як достони ошиқона, паёмадҳои ҷанг ва ноамниро бар зиндагии хонаводаҳо ривоят мекунад.

Бо наздик шудани қисматҳои поёнии силсилафилми «Пули касиф», шабакаи iFilm2 ба зудӣ силсилафилми таърихӣ ва иҷтимоии «Тӯбо»-ро рӯи антенна мебарад; силсилафилме, ки достони худро дар заминаи беш аз се даҳаи рӯйдодҳои муҳими Ироқ ва минтақа ривоят мекунад.
Бар асоси ин гузориш, силсилафилми «Тӯбо» аз 22 июни соли 2026 аз шабакаи iFilm2 пахш хоҳад шуд. «Тӯбо» ба коргардонии Саъид Султонӣ таҳия гардида, достони он аз оғози даҳаи 1350-и хуршедӣ оғоз мешавад; замоне ки Ироқ шоҳиди таҳаввулоти густурдаи сиёсӣ ва қудратгирии ҳизби Баас буд. Силсилафилм дар идома бинандаро бо паёмадҳои сиёсатҳои саркӯбгаронаи режими Саддом, фишор бар мардум, маҳдудиятҳои мазҳабӣ ва фазои ноамни он солҳо ҳамроҳ месозад.
Дар маркази ин ривоят духтаре бо номи «Тӯбо» қарор дорад, ки пас аз даргузашти падараш ҳамроҳи Фахриддин роҳии Ироқ мешавад. Сафаре, ки дар оғоз муваққатӣ ба назар мерасад, аммо ҳодисаҳои пайдарпай зиндагии ӯро барои солҳои тӯлонӣ бо сарнавишти ин кишвар пайванд медиҳад. Дурӣ аз хонавода, ҷудоиҳои нохоста, гум шудани фарзанд, ҷанг, муҳоҷират ва нооромиҳои сиёсӣ бахши муҳими роҳи зиндагии ӯро ташкил медиҳанд.
Яке аз хусусиятҳои барҷастаи «Тӯбо», ривояти ҳамзамони таърих ва зиндагии ҳаррӯзаи мардумони одӣ мебошад. Достон дар канори як хатти ошиқона, таъсири ҷангҳо ва таҳаввулоти сиёсиро бар сарнавишти хонаводаҳо ба тасвир мекашад.
Ин силсилафилм беш аз 32 соли таърихи муосири Ироқро дар бар гирифта, талош мекунад тасвире аз зиндагии мардуме пешкаш намояд, ки дар миёни ҷанг, ноамнӣ ва дигаргуниҳои сиёсӣ барои ҳифзи хонавода ва эътиқодоти худ мубориза мебаранд.
Шабнам Қурбонӣ, Амин Зиндагонӣ, Фарҳод Ойиш, Ҳумоюн Барқнавард, Маҳдӣ Сулукӣ, Фарибо Мутахассис, Раҳим Наврӯзӣ, Парвиз Фаллоҳипур ва Шаҳин Таслимӣ аз ҷумлаи ҳунармандони ин силсилафилм мебошанд.
Дар поён ёдовар мешавем, ки силсилафилми «Тӯбо» аз рӯзи душанбе, 22 июни соли 2026, ҳар шаб ба ҷуз панҷшанбеҳо соати 20:00 ба вақти Теҳрон, 21:00 ба вақти Кобул ва 21:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи iFilm2 пахш хоҳад шуд.

نظر شما
ارسال نظر