Филми синамоии «Порис то Порис» ба коргардонии Муҳаммадҳусайн Латифӣ ва нависандагии Козим Балучӣ, рӯзи панҷшанбе 21-уми майи 2026 аз шабакаи iFilm2 пахш мешавад.
Ин филм маҳсули соли 1389 ҳиҷрии шамсӣ (2010_2011 мелодӣ) аст; асаре, ки миёни фазои муҳоҷират, ҷанг ва бозгашт ба ватан дар навасон буда ва талош дорад таҷрибаҳои инсониро дар шароити душвор ба тасвир бикашад.
Достони филм гирди меҳвари Исмоил Ҳақиқат мегардад; ҷонбози эронӣ, ки ҳамроҳ бо духтараш Ялдо барои табобат ба Фаронса сафар мекунад. Ӯ донишҷӯи риштаи тиб дар Фаронса будааст, ки бо оғози ҷанг тасмим мегирад ба Эрон бозгардад ва масири зиндагияш тағйир мекунад. Ӯ ба ишқи як духтари фаронсавӣ, ки сахт дӯсташ медошт, бетаваҷҷуҳӣ мекунад ва...
Дар ин филм Ҳусайн Ёрӣ, Козим Балучӣ, Ягона Балучӣ, Сайид Меҳрдод Зиёӣ, Ҷамшед Шоҳмуҳаммадӣ, Шиво Хусравмеҳр ва Ёсамин Наврӯзӣ ба иҷрои нақш пардохтаанд. Ҳузури ин бозигарон, ба вижа дар нақшҳои драматикӣ, ба боварпазирии фазои достон кумак кардааст.
«Порис то Порис» бештар бар мафҳумҳое чун муҳоҷират, ҳувият, исор ва бозгашт тамаркуз дорад; мавзӯъҳое, ки барои мухотабони Афғонистон ва Тоҷикистон низ ошно ва қобили ламсанд, ба хусус дар бистари таҷрибаҳои муҳоҷират ва дурӣ аз ватан.
Дар маҷмӯъ, ин филм талош мекунад миёни ду ҷаҳони мутафовити Эрон ва Фаронса пули отифӣ ва инсонӣ бисозад ва достонҳое аз интихобҳои душвори инсон дар шароити ҷанг ва дуриро ривоят кунад.
Ин филми синамоӣ рӯзи панҷшанбе 21 майи 2026 соати 20:00 ба вақти Теҳрон, 21:00 ба вақти Кобул ва 21:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи iFilm2 пахш хоҳад шуд.