Бо поён ёфтани фасли нахустини силсилаи «Рӯзҳои Беқарорӣ», акнун фасли дуюми ин силсила аз рӯзи панҷшанбе, 21 майи 2026, аз шабакаи iFilm2 пахш мешавад; фасле, ки қарор аст сарнавишти шахсиятҳоро вориди марҳилаи печидатар ва пурчолиштар созад.
«Рӯзҳои Беқарорӣ 2» дар идомаи ривояти зиндагии Раҳо ва Фарҳод шакл мегирад; завҷе, ки дар фасли нахуст бо ҳодисае ғайримунтазира масири зиндагияшон дигаргун шуд. Тасодуфе, ки дар зоҳир як рӯйдоди сода ба назар мерасид, ба нуқтаи атфи достон табдил шуд; ҷое ки Раҳо ба кома рафт ва ҳамзамон фарзандаш ба дунё омад. Ин вазъият заминасози тасмимҳое шуд, ки паёмадҳои он дар фасли дуюм ба гунаи ҷиддитар намоён мешавад.
Яке аз муҳимтарин гиреҳҳои достонӣ, издивоҷи Фарҳод бо Соро — дӯсти наздики Раҳо — дар давраи бехабарӣ аз бозгашти ӯст. Ин тасмим, ки дар шароити хос ва бо гузашти замон шакл гирифта, акнун ба яке аз печидатарин чолишҳои отифӣ табдил шудааст; ба вижа замоне ки Раҳо ба ҳуш меояд ва бо воқеияте мутафовит аз гузаштааш рӯбарӯ мешавад.
Дар фасли дуюм, тамаркузи достон бештар бар паёмадҳои ҳамин интихобҳо ва равобити сегона миёни Раҳо, Фарҳод ва Соро аст. Тазод миёни гузашта ва ҳол, эҳсосоти саркӯбшуда ва талош барои бозсозии зиндагӣ, аз ҷумла меҳварҳое ҳастанд, ки масири ривоятро шакл медиҳанд. Ҳамчунин ҳузури шахсиятҳое чун Ковиён ва Мансур, лояҳои тозае аз таниш ва даргириро вориди достон мекунад ва доманаи ҳаводисро густардатар месозад.
Аз вижагиҳои қобили таваҷҷуҳи ин фасл, густариши фазои достон аз як буҳрони хонаводагӣ ба маҷмӯае аз равобити дарҳамтанида аст; ҷое ки ҳар тасмим бар зиндагии чандин шахсият таъсир мегузорад. Ин навъи ривоят боис мешавад мухотаб на танҳо бо як достони ошиқона, балки бо маҷмӯае аз чолишҳои инсонӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯ шавад.
Дар бахши бозигарӣ, чеҳраҳои шинохташудае ҳузур доранд; аз ҷумла Абулфазл Пӯрарб дар нақши Ковиён, Пежмон Бозиғӣ дар нақши Фарҳод, Илҳом Ҳамидӣ дар нақши Раҳо, Соро Суфиёнӣ дар нақши Соро, Комрон Тафтӣ дар нақши Мансур ва дигар ҳунармандоне, ки ҳар кадом нақши муҳиме дар пешбурди достон иҷро мекунанд.
«Рӯзҳои Беқарорӣ 2» дар идомаи фасли нахуст талош дорад нишон диҳад, ки чӣ гуна як ҳодиса метавонад занҷирае аз тасмимҳо ва паёмадҳоро рақам бизанад; тасмимҳое, ки гоҳе бозгаштнопазир ба назар мерасанд ва шахсиятҳоро дар баробари интихобҳои душвор қарор медиҳанд. Ин мавзӯъ барои мухотабони минтақа, ки бо аҳаммияти хонавода ва равобити наздик ошно ҳастанд, метавонад қобили дарк ва таъсиргузор бошад.
Силсилаи «Рӯзҳои Беқарорӣ 2» аз 21 майи 2026 ҳар рӯз соати 16:00 ба вақти Теҳрон, 17:00 ба вақти Кобул ва 17:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи iFilm2 пахш мешавад.