Силсилафилми «Фарибо» имшаб ба қисмати поёнии худ мерасад; ривояти иҷтимоие, ки дар тӯли пахши худ бинандагонро бо пушти пардаи шуҳрат, интихобҳои душвор ва таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ бар зиндагии инсонҳо ҳамроҳ сохт.
Қисмати охирини силсилафилми «Фарибо» имрӯз, душанбе, 1 июли соли 2026 аз шабакаи iFilm2 пахш мешавад; асари муосир ба коргардонии Маҳмуд Муаззамӣ, ки талош кардааст чеҳрае наздик ба воқеият аз зиндагӣ дар асри рақамиро ба тасвир кашад; ҷое ки марзи миёни зиндагии шахсӣ ва фазои умумӣ рӯз ба рӯз камрангтар мешавад.
«Фарибо» дар ҷараёни пахши худ достони занеро пайгирӣ кард, ки барои таҳкими ҷойгоҳи худ ҳамчун блогери тарзи зиндагӣ талош мекард. Ӯ, ки дар зоҳир роҳи муваффақият ва шуҳратро мепаймуд, бо ворид шудан ба як ҳамкории таблиғотӣ бо чолишҳое рӯбарӯ гардид, ки нигоҳашро ба шуҳрат, хонавода ва ҳувияти шахсиаш дигаргун сохт.
Ин силсилафилм танҳо ривояти як шахсияти машҳур дар шабакаҳои иҷтимоӣ набуд; балки ба саволҳое пардохт, ки барои бисёре аз ҷавонони имрӯз ошно мебошанд: оё тасвире, ки дар фазои маҷозӣ сохта мешавад, ҳамеша бозтоби ҳақиқати зиндагӣ аст? Ва арзиши дида шудан то куҷо метавонад пеш равад?
«Фарибо» бо тамаркуз бар мавзӯъҳое чун фишорҳои равонӣ, фосилаи миёни зоҳир ва воқеият, муносибатҳои хонаводагӣ ва таъсири расонаҳои навин тавонист фазои мутафовитеро миёни осори иҷтимоии телевизион ба вуҷуд оварад; мавзӯе, ки барои бинандагони Тоҷикистон, Афғонистон ва дигар ҷомеаҳои форсизабон низ қобили дарк ва ламс аст.
Дар ин силсилафилм ҳунармандоне чун Соноз Саъидӣ, Ҳамидризо Пагоҳ, Маҳмуд Покният, Алиризо Хамса, Сугул Таҳмосбӣ, Насим Адабӣ, Фарзод Ҳасанӣ, Арсалон Қосимӣ, Сурайё Қосимӣ ва Маҷид Муширӣ нақш офаридаанд.
Қисмати поёнии силсилафилми «Фарибо» имрӯз соати 18:00 ба вақти Теҳрон, 19:00 ба вақти Кобул ва 19:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи iFilm2 пахш мешавад.
Ҳамчунин аз фардо дар ҳамин соат силсилафилми «Марҳам» ҷойгузини «Фарибо» хоҳад шуд.