نشرات زنده
فارسی English عربي
97
-
الف
+

«Рози ошиқӣ»; ривояти рӯзҳои сарнавиштсози Мухтор ва қиёми Имом Ҳусайн(алайҳиссалом)

iFilm2 бо пахши «Рози ошиқӣ» бинандагонро ба бахше муҳими таърихи садри Ислом ва воқеаи Ошӯро мебарад.

Филми телевизионии «Рози ошиқӣ», ки баргирифта аз силсилафилми таърихии «Мухторнома» мебошад, рӯзи панҷшанбе, 25 июни соли 2026 аз шабакаи iFilm2 пахш хоҳад шуд.
Ин филм бахшҳое аз оғози достони «Мухторнома»-ро ривоят мекунад; замоне ки Мухтори Сақафӣ пеш аз воқеаи Ошӯро дар банди зиндон қарор дорад ва роҳи зиндагии ӯ бо рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ ва таърихӣ гиреҳ мехӯрад.
Достон аз замоне оғоз мешавад, ки Ибни Зиёд пас аз ворид шудан ба Куфа, афродеро, ки ба Муслим ибни Ақил паноҳ додаанд, боздошт мекунад. Дар миёни ҳаводорони Имом Ҳусайн(алайҳиссалом), Майсами Таммор низ ҳузур дорад; шахсияте, ки дар зиндон бо Мухтор дидор мекунад ва аз ояндаи бузурге сухан мегӯяд. Ин дидор оғози таҳаввули муҳим дар зиндагии Мухтор ва заминасози рӯйдодҳои баъдӣ мегардад.
«Рози ошиқӣ» бахше аз ривояти густурдаи силсилафилми таърихии «Мухторнома» аст; асаре, ки ба нависандагии Муҳаммад Бейронванд, Ҳасан Мирбоқирӣ ва Довуд Мирбоқирӣ ва коргардонии Довуд Мирбоқирӣ таҳия гардида, пас аз пахш дар соли 1389 ба яке аз маъруфтарин осори таърихии телевизиони Эрон табдил ёфт.
Ин асар бо баҳрагирӣ аз тарроҳии саҳна, либос ва фазои таърихӣ талош мекунад бахше аз таҳаввулоти иҷтимоӣ ва сиёсии садри Исломро ба тасвир кашад; ривояте, ки барои бисёре аз бинандагони Тоҷикистон ва Афғонистон ба далели пайвандҳои фарҳангӣ ва таърихӣ ҷолиб ва ошно мебошад.
Дар «Рози ошиқӣ» ҳунармандоне чун Фарибурз Арабниё, Амин Зиндагонӣ, Парвиз Пурҳусайнӣ ва Фарҳод Аслонӣ нақш офаридаанд. Ҳунарнамоии пурқувват ва фазои пуртаниши достон аз ҷумлаи хусусиятҳое мебошанд, ки ин асарро барои дӯстдорони филмҳои таърихӣ тамошобоб сохтаанд.
Ин филми телевизионӣ рӯзи панҷшанбе, 25 июни соли 2026, соати 20:00 ба вақти Теҳрон, 21:00 ба вақти Кобул ва 21:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи iFilm2 пахш хоҳад шуд.

نظر شما
ارسال نظر