Филми синамоии «Тӯфони рег» ба коргардонии Ҷавод Шамқадрӣ рӯзи панҷшанбе, 11 июни соли 2026 аз шабакаи iFilm2 пахш хоҳад шуд.
Ин филм, ки маҳсули соли 1996 мебошад, яке аз маъруфтарин осори сиёсӣ ва таърихии синамои Эрон ба шумор меравад ва ба бозофаринии рӯйдоди «Амалиёти Табас» мепардозад; амалиёте, ки соли 1980 аз ҷониби нерӯҳои вижаи артиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои озодсозии гаравгонҳои сафорати Амрико дар Теҳрон тарҳрезӣ шуда буд, аммо пеш аз расидан ба ҳадаф бо нокомӣ рӯбарӯ гардид.
Қиссаи филм аз замоне оғоз мешавад, ки пас аз тасарруфи сафорати Амрико дар Теҳрон, мақомоти амрикоӣ тасмим мегиранд як амалиёти махфии низомиро ба иҷро расонанд. Дар ин миён, як маъмури махфӣ барои фароҳам сохтани муқаддамоти амалиёт вориди Эрон мешавад. Ҳамзамон бо оғози амалиёт, рӯйдодҳои пешбининашуда дар биёбони Табас ҷараёни маъмуриятро тағйир дода, сарнавишти дигареро рақам мезананд.
«Тӯфони рег» бо омезиши фазои амниятӣ, сиёсӣ ва таърихӣ талош мекунад яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои даҳаи 1980-ро аз зовияи драмавӣ ба тасвир кашад. Саҳнаҳои бозсозии амалиёт, таъқибу гурезҳо ва фазои пуртаниши достон аз ҷумлаи бахшҳои ҷолиби ин асар ба ҳисоб мераванд.
Дар ин филм Аҳмад Наҷафӣ, Фирӯз Баҳҷат Муҳаммадӣ, Ҳусайн Ансорӣ, Маҳшид Афшорзода, Маҳноз Афзалӣ, Баҳман Дон ва Сируси Гурҷистонӣ нақш офаридаанд.
Бар асоси ин гузориш, филми синамоии «Тӯфони рег» рӯзи панҷшанбе, 11 июни соли 2026, соати 20:00 ба вақти Теҳрон, 21:00 ба вақти Кобул ва 21:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи iFilm2 пахш хоҳад шуд.