نشرات زنده
فارسی English عربي
149
-
الف
+

Филми синамоии «Он ки дарё меравад»; фаротар аз як достони ҷангӣ дар iFilm2

Филми синамоии «Он ки дарё меравад» бо ривояти як разманда, ин ҳафта аз шабакаи iFilm2 пахш шуда, мухотабонро ҳамроҳ месозад.

Филми синамоии «Он ки дарё меравад» ба коргардонии Ораш Муайириён, рӯзи панҷшанбе 14-уми майи соли 2026 аз шабакаи iFilm2 пахш мешавад.

Ин филм маҳсули соли 1385 ҳиҷрии шамсӣ (2006_2007 мелодӣ) ва ба нависандагии Ҳабиб Аҳмадзода аст; асаре маъногаро, ки ба ҷойи тамаркуз бар саҳнаҳои набард, ба кашмакашҳои дарунии як разманда мепардозад.

Достон дар бораи Козим аст; размандаи ҷавоне, ки дар остонаи як амалиёти муҳим бо дастури фармондеҳаш барои шикастани рӯза рӯбарӯ мешавад. Ӯ фурсати кӯтоҳе дорад то аз ҳудуди шаҳр хориҷ шуда, ифтор кунад ва дубора ба ҷабҳаи набард бозгардад. Аммо ин масири кӯтоҳ бо монеаҳо ва рӯйдодҳое ҳамроҳ мешавад, ки ӯро дар баробари интихоби душвор миёни бовари шахсӣ ва масъулияти ҷамъӣ қарор медиҳад.

Дар ин филм Ҳуман Сайидӣ нақши Козимро иҷро мекунад ва бозигароне чун Афшин Ҳошимӣ, Алиризо Муфтахирӣ Мазоҳирӣ, Парвиз Чобаҳорӣ ва Ғазола Ғазанфарӣ низ ҳузур доранд. Ривояти сода аммо тааммулбарангези асар, мафҳумҳое чун имон, исор ва тааҳҳудро барҷаста месозад.

«Он ки дарё меравад» барои мухотабони алоқаманд ба филмҳои андешамандона ва инсонӣ, ба вижа дар ҷомеаҳое монанди Афғонистон ва Тоҷикистон, таҷрибае қобили тааммул хоҳад буд.

Ин филми синамоӣ рӯзи панҷшанбе 14-уми майи соли 2026, соати 20:00 ба вақти Теҳрон, 21:00 ба вақти Кобул ва 21:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи iFilm2 пахш хоҳад шуд.

نظر شما
ارسال نظر