Сериали иҷтимоӣ ва пурбинандаи «Рӯзҳои Обӣ», ки дар ҳафтаҳои ахир бо ривояти воқеъгароёна аз чолишҳои зиндагии шаҳрӣ ва муҳоҷират таваҷҷуҳи мухотабони форсизабонро ҷалб карда буд, имшаб 6 майи 2026 ба қисми охирини худ мерасад; поёне, ки бисёре аз гиреҳҳои эҳсосӣ ва достонии он акнун дар остонаи кушоиш қарор доранд.
Ин сериал ба коргардонии Муҳаммадризо Ҳоҷӣ-Ғуломӣ ва бо ҳамкории гурӯҳе аз нависандагон, аз ҷумла Матин Рукн, Алӣ Ҳамосӣ, Морол Саҷҷодӣ ва Нимо Ҷаҳонбин, аз ҳамон оғоз тавонист бо тамаркузи чандқабата ва нигоҳи иҷтимоӣ худро аз бисёре аз осори ҳамрада мутафовит созад.
Дар тӯли достон, бинандагон шоҳиди фурӯпошии тадриҷии як хонавода буданд; хонаводае, ки дар пайи хиёнат ва суқути молӣ ба нуқтае расид, ки падар ба зиндон афтод ва фарзандон ногузир ба тарки зиндагии шаҳрӣ ва паноҳ бурдан ба як деҳа шуданд. Ин тағйири фазо — аз шаҳр ба русто — на танҳо буъди тозае ба ривоят бахшид, балки барои мухотабони минтақа, ба вижа дар Афғонистон ва Тоҷикистон, фазое ошно ва қобили ламс эҷод кард.
Дар маркази ин ривоят Сора қарор дошт; духтаре, ки дар остонаи як интихоби бузург миёни муҳоҷират ва мондан, роҳи дигареро баргузид. Ӯ тасмим гирифт дар канори хонавода бимонад ва бори сангини буҳронро бар дӯш кашад. Ин тасмим Сораро вориди масире душвор ва пурчолиш сохт; масире, ки дар он талош барои наҷоти хонавода бо монеаҳои печидаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гиреҳ хӯрд.
Акнун дар қисми поёнӣ интизор меравад сарнавишти талошҳои Сора ва аъзои хонаводааш ба нуқтаи таъйинкунандае бирасад; оё фидокориҳои ӯ ба самар хоҳад нишаст? Оё хонавода метавонад аз буҳрон убур кунад ва дубора ба субот бирасад? Инҳо пурсишҳое ҳастанд, ки посухи онҳо дар саҳнаи охири ин сериал ошкор хоҳад шуд.
Дар бахши бозигарӣ, ҳузури чеҳраҳои шинохташудае чун Видо Ҷавон, Сомон Саффорӣ, Акбар Абдӣ, Фарибо Мутахассис, Ираҷ Нӯзарӣ, Алиризо Ҷалолӣ-Табор, Амир Ғафформаниш, Нодир Сулаймонӣ, Алӣ Сулаймонӣ ва Меҳрон Раҷабӣ, ба ғанои асар афзуда ва бо иҷрои нақшҳои боварпазир тавонистаанд мухотабро бо сарнавишти шахсиятҳо ҳамроҳ созанд.
«Рӯзҳои Обӣ» бо тамаркуз бар мафҳумҳое чун ҳамбастагии хонаводагӣ, фидокорӣ, муҳоҷират ва паёмадҳои буҳрони иқтисодӣ тавонист ба вижа барои мухотабони кишварҳои форсизабон ривояте наздик ба воқеиятҳои зиндагӣ пешниҳод кунад; ривояте, ки фаротар аз саргармӣ, бозтоби нигарониҳои муштараки иҷтимоӣ низ ба шумор меравад.
Бар пояи ин гузориш, қисми поёнии сериали «Рӯзҳои Обӣ» имшаб соати 20:00 ба вақти Теҳрон, 21:00 ба вақти Кобул ва 21:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи iFilm2 пахш мешавад; лаҳзае, ки бинандагон поёни яке аз ривоятҳои эҳсосӣ ва иҷтимоии ин рӯзҳоро шоҳид хоҳанд буд.