نشرات زنده
فارسی English عربي
122
-
الف
+

Назарсанҷии нав; мухотабони iFilm2 кадом навъи достонро бештар дӯст медоранд?

Бахши назарсанҷии вебсайти iFilm2 бо матраҳ намудани пурсиши нав, дидгоҳи мухотабонро дар бораи навъи достонҳои сериалҳо ва филмҳои ахиран пахшшуда ҷӯё мешавад.

iFilm2 ҳамеша маҷмӯае гуногунранг аз сериалҳо ва филмҳоро бо фазоҳо ва жанрҳои мухталиф рӯйи антен бурдааст; осоре, ки ҳар яке бо навъи хосе аз ривоят, достон ва ҳолу ҳаво, таҷрибаи мутафовите аз тамошоро барои мухотабон фароҳам овардаанд. Ин гуногунрангӣ боис шудааст, ки ҳар бинанда бо як навъи мушаххаси достонҳо иртиботи наздиктар барқарор намояд ва тарҷеҳи худро дар миёни осори намоишӣ пайдо кунад.

Аз ҳамин рӯ, бахши назарсанҷии вебсайти iFilm2 пурсиши тозаеро барои мухотабони худ матраҳ кардааст, то дидгоҳи онҳо дар бораи навъи достонҳои мавриди таваҷҷуҳашон дар сериалҳо ва филмҳои ахиран пахшшуда инъикос ёбад.

Саволи ин назарсанҷӣ чунин аст:
«Дар сериалҳо ва филмҳои ахиран пахшшудаи iFilm2, кадом навъи достон барои шумо ҷолибтар будааст?»

Гузинаҳои дар назар гирифташуда барои ин назарсанҷӣ иборатанд аз:
достонҳои оилавӣ ва иҷтимоӣ
достонҳои ошиқона ва эҳсосӣ
достонҳои таърихӣ
достонҳои динӣ ва маънавӣ
достонҳои ҷиноятӣ, муаммоӣ ва полисӣ
достонҳои ҳаҷвӣ ва фароғатӣ
достонҳои қаҳрамонмеҳвар ва ҳамосӣ

Дӯстдорони iFilm2 метавонанд бо муроҷиат ба бахши назарсанҷӣ дар саҳифаи асосии вебсайти iFilm2, гузинаи мавриди назари худро интихоб намуда, дар ин овоздиҳӣ ширкат варзанд.

نظر شما
ارسال نظر