نشرات زنده
دانلود اپلیکیشن اندروید دانلود اپلیکیشن اندروید
فارسی English عربي
73
-
الف
+

Хабарҳои тоза аз сериали "Пойтахт 7"

Фасли ҳафтуми сериали "Пойтахт" бо ҳузури тамомии бозигарони асосӣ ва илова кардани чанд персонажи нав ба навор гирифта мешавад.

Ба гузориши iFilm 2, фасли ҳафтуми сериали маъруф ва маҳбуби “Пойтахт” дар 26 қисмат дар телевизиони Эрон пас аз ҳадсҳои зиёд ба муносибати моҳи шарифи Рамазон ва Наврӯзи 1404 шамсӣ пахш мешавад.

Тибқи иттилои расонаҳо, таҳияи фаслҳои нави «Пойтахт», ки чанд моҳ пеш оғоз шуда буд, бо ҳамкории ҳунармандони асосӣ идома дорад.

Пас аз фосилаи чандсола ва дархостҳои батакрор барои таҳияи фасли ҳафтуми "Пойтахт 7" бо ҳузури тамоми ҳунармандони асосӣ ва илова кардани чанд персонажи нав ба навор гирифта мешавад.

Гуфта мешавад, ки персонажҳои наве, ки ба ин сериал пайвастаанд, вазъиятҳои вижаеро эҷод мекунанд, ки барои тамошобинон тозагӣ ва таваҷҷӯҳ ба ҳамроҳ меорад.

"Пойтахт" аз сериалҳои маъруф ва пурбинандаи Эрон аст, ки фасли аввали он дар Наврӯзи соли 1390 шамсӣ тавассути расонаҳои миллии Эрон мунташир шуд ва ба далели истиқболи тамошобинон ва тавоноии баланди ин сериал истеҳсоли он шаш фасл давом пайдо кард.

Гуфтанӣ аст фаслҳои аввал то шашуми сериали "Пойтахт" аз шабакаи IFilm 2 нашр ва бо истиқболи баланди форсизабонон рӯбарӯ шудааст.

نظر شما
ارسال نظر