نشرات زنده
فارسی English عربي
4
-
الف
+

Ваҳид Собирӣ; овозхоне, ки сурудҳояш дар хотираҳо зиндаанд

Ваҳид Собирӣ, овозхони маъруфи Афғонистон, даргузашт. Ӯ наздики панҷ даҳсола аз умри худро ба мусиқӣ бахшида, бо сурудҳояш дар хотираи мардумони Афғонистон ва дигар форсизабонон ҷой гирифта буд.

Ба гузориши Айфилм2, Ваҳид Собирӣ, овозхони шинохтаи Афғонистон ва узви пешини гурӯҳи мусиқии «Борон», дар шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон, аз олам чашм пӯшид. Ӯ аз ҳунармандони маҳбуби даҳсолаҳои гузашта буд, ки бо садои хос ва сурудҳои хотирмонаш дар миёни дӯстдорони мусиқии Афғонистон ҷойгоҳи вижа дошт.

Собирӣ фаъолияти расмии ҳунарии худро соли 1978 аз Радиову телевизиони миллии Афғонистон оғоз карда, дар солҳои 1980 ба яке аз чеҳраҳои шинохтаи мусиқии кишвар табдил ёфт. Сурудҳои «Ду мавҷуд зи ҳастӣ гиромитар аст», «Як рӯзи дарозу офтобӣ», «Баҳор омад» ва «Баччаи заҳматкаши деҳқон манам» аз ҷумлаи асарҳои маъруфи ӯ ҳастанд, ки барои бисёриҳо ёдоварӣ аз рӯзҳои шукуфоии мусиқии Афғонистонанд.

Яке аз давраҳои муҳими фаъолияти ҳунарии Собирӣ узвияташ дар гурӯҳи маъруфи «Борон» буд. Ин гурӯҳ бо иштироки ҳунармандоне чун Фарҳод Дарё, Ҷовид Роҳи ва Мухтор Маҷид дар рушди шаклҳои нави мусиқии мардумии Афғонистон саҳм дошт. Собирӣ баъди ҷудо шудан аз гурӯҳ низ фаъолияти мустақили худро идома дода, сурудҳои зиёде ба ёдгор гузошт.

Аз хотираҳои Кобул то саҳнаҳои Душанбе

Фаъолияти ҳунарии Ваҳид Собирӣ танҳо ба Афғонистон маҳдуд набуд ва бахши муҳими зиндагии ӯ бо Тоҷикистон ва ҳунармандони ин кишвар пайванд дошт. Ӯ соли 1992 ҳамроҳи Асад Ором, ҳунарманди синамо ва театр, ба Тоҷикистон сафар карда, ду шаб консерт баргузор намуд. Барномаҳои ӯ дар Қасри Борбади Душанбе аз хотираҳои мондагори ҳузури ин овозхон дар миёни дӯстдорони мусиқии Афғонистон ва Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Яке аз хотираҳои ҷолиби ин сафар ба мулоқоти Собирӣ бо Қироматулло Қурбонов, овозхони маъруфи Тоҷикистон, бармегардад. Ба нақли Ваҳид Паймон, рӯзноманигори афғон, ки соли 2019 бо Собирӣ мусоҳиба карда буд, Қурбонов дар яке аз маҳфилҳои ҳунарӣ ҳангоми муаррифии ӯ ба ҳозирин, бо ишора ба монандии садояш ба Аҳмад Зоҳир, Собириро «бародари хурдии Аҳмад Зоҳир» номида буд.

Ин хотира бозгӯкунандаи пайванди деринаи мусиқии Афғонистон ва Тоҷикистон аст; ду кишваре, ки муштаракоти забонӣ ва фарҳангӣ боиси ошноӣ ва дӯстдории мардумашон ба ҳунармандони якдигар шудааст. Маҳбубияти Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон ва ҳузури ҳунармандоне чун Ваҳид Собирӣ дар саҳнаҳои Душанбе аз намунаҳои равшани ин робитаи фарҳангӣ мебошанд.

Сафари Собирӣ ба Тоҷикистон ҳамзамон бо тағйироти сиёсии соли 1992 дар Афғонистон буд ва масири зиндагии ӯро дигар кард. Ӯ, ки барои баргузории консерт ба Душанбе омада буд, баъди тағйири вазъ натавонист ба зиндагии пешинааш дар Кобул баргардад ва солҳои зиёде дар муҳоҷират ба сар бурд.

Собирӣ баъди Тоҷикистон ба Ӯзбекистон рафт. Дар солҳои баъдӣ ба Русия ва Ҳиндустон низ сафар карда, фаъолияти мусиқии худро идома дод. Ӯ дар ду сафараш ба Ҳиндустон бо ҳамкории мусиқидонони он кишвар 90 суруд сабт кард ва талош намуд мусиқии Афғонистонро бо равишҳои нави танзим ва иҷро омезиш диҳад.

Даргузашти Ваҳид Собирӣ бо вокунишҳои ғамангези ҳунармандони Афғонистон ҳамроҳ шуд. Фарҳод Дарё, ҳамкори пешини ӯ дар гурӯҳи «Борон», бо нашри акси муштарак ёди ин ҳунармандро гиромӣ дошт. Чанд овозхони дигар низ бо паёмҳои худ аз ҷойгоҳи ҳунарӣ ва хотираҳои боқимондаи Собирӣ ёд карданд.

Ваҳид Собирӣ, ҳарчанд солҳои охири умрашро дур аз зодгоҳаш гузаронд, садои ӯ ҳамоно бахше аз хотираҳои мусиқии чанд насл боқӣ монд. Ҳузураш дар маҳфилҳои ҳунарии Тоҷикистон, ҳамкорӣ бо мусиқидонони кишварҳои гуногун ва сурудҳои ба ёдгор гузоштааш аз нақши ҳунармандоне ёд мекунанд, ки мусиқиро ба пуле миёни фарҳангҳо ва мардумони минтақа табдил додаанд.

Акнун бо хомӯш шудани садои ин овозхони маъруф, сурудҳо ва хотираҳои ӯ ҳамоно дар миёни дӯстдорони мусиқии Афғонистон ва дигар форсизабонон зинда хоҳанд монд.

Суруди «Дилтангам» – Ваҳид Собирӣ

🎵 Ваҳид Собирӣ

نظر شما
ارسال نظر