نشرات زنده
فارسی English عربي
30
-
الف
+

Вақте ишқ дар баробари тақдир қарор мегирад; «Ҳаволии пойиз» аз имрӯз дар Айфилм2

Сериали «Ҳаволии пойиз» бо қиссае дар бораи ишқ, тафовутҳои фарҳангӣ ва сарнавишти як хонавода, аз имрӯз меҳмони хонаводаҳои форсизабони Афғонистон ва Тоҷикистон мешавад

Ба гузориши «Айфилм2», гоҳе як қиссаи ошиқона инсонро ба роҳе мебарад, ки аз доираи як робитаи эҳсосӣ фаротар меравад. Роҳе, ки дар он хонавода, тафовутҳои фарҳангӣ, умед ва андӯҳ бо ҳам омезиш меёбанд. Сериали эронии «Ҳаволии пойиз» аз ҷумлаи чунин асарҳост, ки бо пайванд додани як қиссаи ошиқона ба ҳодисаи талху воқеӣ, кӯшиш мекунад тасвири дигаргунаеро аз зиндагӣ ва сарнавишти инсонҳо пешкаши тамошобин созад.

Ин сериали телевизионӣ ба коргардонӣ ва нависандагии Ҳусейн Намозӣ, соли 2018 дар телевизиони Эрон таҳия шудааст. Қиссаи он аз зиндагии хонаводаи хонум Парвин оғоз мешавад. Ин хонавода ба сабаби мушкилоти иқтисодӣ маҷбур мешавад коргоҳи дӯзандагии худро бандад. Баъдан пешниҳоди Самон, писари калонии хонавода, барои аз нав ба роҳ мондани фаъолияти коргоҳ дар хона, саргузаштҳои тозаеро ба вуҷуд меорад.

Дар баробари мушкилоти ин хонавода, қиссаи дилбастагии Меҳрон, писари дигари хонадон, ба духтари арабтаборе бо номи Сора оғоз мешавад. Ин робита, ки бо тафовутҳои забонӣ, фарҳангӣ ва хонаводагӣ ҳамроҳ аст, фарозу нишебҳои зиёдеро паси сар карда, дар ниҳоят ба издивоҷи онҳо меанҷомад. Аммо ин анҷоми қисса нест, зеро рӯйдодҳои баъдӣ зиндагии Меҳрон ва хонаводаашро бо озмоиши душворе рӯ ба рӯ мекунанд.

Яке аз бахшҳои муҳим ва таъсиргузори ин силсилафилм бозгӯ кардани фоҷиаи Мино дар соли 2015 аст. Ин ҳодисаи талх дар ҷараёни маросими ҳаҷ рух дода, ҷони шумораи зиёди зоиронро гирифт ва хонаводаҳои бисёреро дар интизору андӯҳ фурӯ бурд. Дар ин сериал сафари ду писари хонавода барои адои маросими ҳаҷ, қиссаро ба ин рӯйдоди фоҷиабор мепайвандад ва бахше аз ранҷу нигаронӣ ва чашмбарроҳии хонаводаҳои осебдидаро ба тасвир мекашад.

Пардохтан ба ин ҳодисаи воқеӣ дар қолаби як қиссаи хонаводагӣ, ба «Ҳаволии пойиз» мазмуне фаротар аз як драмаи ошиқона мебахшад. Сериал аз як тараф ба мавзӯи тафовутҳои фарҳангӣ ва пайванди миёни инсонҳо мепардозад ва аз тарафи дигар, таъсири ҳодисаҳои фоҷиаборро ба зиндагии хонаводаҳо бозгӯ мекунад. Ин мавзӯъҳо барои тамошобинони Афғонистон ва Тоҷикистон низ қобили таваҷҷуҳ буда, метавонанд эҳсоси ҳамдардӣ ва ҳамзистии онҳоро бедор созанд.

Дар ин сериал ҳунармандоне чун Рӯъё Таймуриён, Лайло Утодӣ, Ҳусейн Меҳрӣ, Моно Каримӣ, Анн-Мари Салома, Баҳром Иброҳимӣ, Ризо Акбарпур ва Аршо Ақдасӣ нақшофарӣ кардаанд.

Сериали «Ҳаволии пойиз» аз имрӯз, душанбе, 23 ноябри соли 2026, ҳар рӯз соати 16:00 ба вақти Теҳрон, 17:00 ба вақти Кобул ва 17:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи «Айфилм2» намоиш дода мешавад.
 

نظر شما
ارسال نظر