نشرات زنده
فارسی English عربي
175
-
الف
+

Аз таҳдид то мубориза; қиссаи пурҷаззоби филми «Шилот» дар Айфилм2

Филми синамоии «Шилот» бо ҳунарнамоии Довуд Рашидӣ, қиссаи талош барои барқарории адолат ва мубориза бо фасодро бозгӯ мекунад. Ин филм рӯзи панҷшанбе аз шабакаи «Айфилм2» намоиш дода мешавад.


Филми синамоии «Шилот» бо ҳунарнамоии марҳум Довуд Рашидӣ, рӯзи панҷшанбе, 26 ноябр аз шабакаи «Айфилм2» намоиш дода мешавад. Ин филм қиссаи мубориза бо фасод ва муқовимат ба афродеро бозгӯ мекунад, ки аз мақоми худ барои поймол кардани ҳуқуқи дигарон истифода мебаранд.

Ба гузориши «Айфилм2», филми «Шилот» соли 1983 ба коргардонии Ризо Мирлавҳӣ таҳия шудааст. Ин асар аз ҷумлаи филмҳои иҷтимоии синамои Эрон буда, бо баррасии мавзӯъҳои фасоди маъмурӣ, сӯиистифода аз мақом ва муборизаи коргарон барои расидан ба ҳуқуқҳои худ, қиссаи пурҷаззоберо ба тасвир мекашад.

Қиссаи филм дар бораи марде бо номи «Хоҷа Муҳаммад» аст, ки фарзандашро дар ҷараёни мубориза бо фасод ва сӯиистифодаи масъулони Идораи моҳипарварӣ аз даст додааст. Ӯ, ки аз тасарруфи маблағҳо ва қонуншиканиҳои раиси пешини ин идора парда бардошта буд, бо омадани раиси нав низ аз ифшои ҳақиқат даст намекашад.

Раиси нав, ки Хоҷа Муҳаммадро садди роҳи манфиатҳо ва ҳадафҳои худ медонад, мекӯшад ӯро хомӯш созад. Ӯ ҳатто бо иқдоме хатарнок Хоҷа Муҳаммад ва набераашро дар сардхона зиндонӣ мекунад. Аммо ин таҳдидҳо на танҳо ӯро аз идомаи мубориза бознамедоранд, балки заминаи муқовимати ошкори ӯ ва коргаронро дар баробари фасод фароҳам меоранд.

Дар ин филм марҳум Довуд Рашидӣ дар баробари ҳунармандоне чун Аҳмад Қадакчӣён, Маҳин Шаҳобӣ, Каюмарс Малакмутеъӣ, Меҳрӣ Вадодиён, Ҷалол Пешвоӣён, Ҳусейн Шаҳоб ва Аббос Қаҷар нақшофарӣ кардаанд.

«Шилот» бо бозгӯ кардани қиссаи мубориза барои адолат ва дифоъ аз ҳуқуқи коргарон, тамошобинро бо ин суол рӯ ба рӯ мекунад, ки инсон то куҷо метавонад дар баробари зӯроварӣ ва беадолатӣ муқовимат кунад?

Филми синамоии «Шилот» рӯзи панҷшанбе, 26 ноябри соли 2026, соати 20:00 ба вақти Теҳрон, 21:00 ба вақти Кобул ва 21:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи «Айфилм2» намоиш дода мешавад.

نظر شما
ارسال نظر