نشرات زنده
فارسی English عربي
59
-
الف
+

Дафу дойра; пайванди мусиқии Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон

Дафу дойра аз созҳои ошнои мусиқии Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон мебошанд. Ҳузури онҳо дар ойину суннатҳои мардумӣ аз мероси муштараки ҳунарии ин се сарзамин дарак медиҳад

Дафу дойра аз созҳои қадимаи зарбӣ ба шумор мераванд, ки бо вуҷуди тафовут дар ном, сохтор ва тарзи навохтан, дар мусиқии суннатии Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон ҷойгоҳи вижа доранд. Ин созҳо на танҳо дар ҷашну маросимҳои мардумӣ садо медиҳанд, балки бахше аз мероси муштараки мусиқии мардуми ин се сарзамин низ ҳастанд; меросе, ки реша дар пайвандҳои деринаи фарҳангиву забонии минтақа дорад.

Аз замонҳои қадим то мусиқии имрӯз

Дафу дойра ба хонаводаи созҳои зарбии чорчӯбадор тааллуқ доранд. Онҳо маъмулан аз ҳалқаи чӯбин сохта шуда, рӯйи он пӯсти махсус кашида мешавад. Ин созҳо бо зарби ангуштон ва кафи даст садо медиҳанд. Дар баъзе намудҳои онҳо ҳалқаҳо ва зангӯлаҳои филизӣ низ насб шудаанд, ки ба садояшон тобиши хос мебахшанд.

Далелҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки созҳои чорчӯбадори пӯстдор аз замонҳои бостон дар бахшҳое аз Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ маълум буданд ва бо гузашти вақт бо ном ва шаклҳои гуногун дар мусиқии мардумии ин минтақаҳо ривоҷ ёфтанд.

Даф дар Эрон; аз маросимҳои ирфонӣ то саҳнаҳои ҳунарӣ


Дар Эрон даф яке аз созҳои маъруфи мусиқии суннатӣ ва ойинӣ ба шумор меравад. Имрӯз ин соз дар гурӯҳҳои мусиқии суннатӣ ва барномаҳои ҳунарии саҳнавӣ низ ба таври густурда истифода мешавад.

Дойра дар Тоҷикистон; мероси зиндаи мусиқии мардумӣ

Дар Тоҷикистон дойра яке аз созҳои муҳимми мусиқии суннатӣ ва мардумӣ ба шумор меравад. Ин соз дар ҳамовозӣ бо сурудҳо, барномаҳои гурӯҳӣ ва мусиқии касбӣ, аз ҷумла дар суннати мақомхонӣ, истифода мешавад.

Навозандагони дойра дар баробари омӯхтани усулҳои навозандагӣ, бо зарбоҳангҳои суннатӣ ва ҳамоҳангии вазни шеър бо мусиқӣ низ ошно мешаванд. Баргузории барномаҳои омӯзишӣ ва озмунҳои ҳунарӣ ба ҳифзу густариши ин ҳунар мусоидат мекунад.

Яке аз намунаҳои таваҷҷуҳ ба ин мероси мусиқӣ, баргузории озмуни ҷумҳуриявии «ДОИРАБАЗМ» дар Тоҷикистон аст, ки марҳалаи ниҳоии он қарор аст пас аз чанд рӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шавад. Дар ин рақобат навозандагон ва гурӯҳҳои беҳтарини созҳои зарбӣ бо ҳам рақобат мекунанд. Ин чорабинӣ дар баробари муаррифии истеъдодҳои ҷавон, барои ҳифзи суннати навозандагии дойра низ мусоидат мекунад.

Дойра ва даф дар Афғонистон; навои ҷашну маҳфилҳои мардумӣ
Дар Афғонистон низ созҳои зарбии чорчӯбадор бештар бо номи дойра шинохта мешаванд. Дар баъзе минтақаҳо, бахусус Бадахшон, онҳоро даф низ меноманд.

Дойра дар мусиқии мардумии Афғонистон, махсусан дар маҳфилҳои хонаводагӣ, тӯйҳо, ҷашнҳо ва барномаҳои гурӯҳӣ ҷойгоҳи хос дорад. Ин соз дар суннати мусиқии занони Афғонистон, бахусус дар Ҳирот ва Бадахшон, низ нақши муҳим доштааст.

Се сарзамин ва як мероси муштараки мусиқӣ

Дафу дойра бо вуҷуди тафовут дар андоза, сохтор, ном ва тарзи навохтан, ба як хонаводаи муштараки созҳои зарбӣ тааллуқ доранд. Он чизе, ки ин созҳоро дар Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон ба ҳам мепайвандад, танҳо шабоҳати зоҳирии онҳо нест, балки ҳузури деринаашон дар мусиқӣ, ойину маросимҳо, ҷашнҳо ва зиндагии рӯзмарраи мардуми ин сарзаминҳост.

Ин муштаракот нишон медиҳанд, ки марзҳои ҷуғрофӣ натавонистаанд пайвандҳои фарҳангиву ҳунарии мардумони ҳамзабони минтақаро аз байн баранд. Дафу дойра ҳанӯз ҳам дар ҳар се кишвар садо медиҳанд ва бо ҳар зарбу оҳанг бахше аз хотира ва ҳувияти муштараки мардумеро зинда нигоҳ медоранд, ки забон, таърих ва фарҳангашон решаҳои ба ҳам пайванд доранд.

نظر شما
ارسال نظر