Дар шимолу шарқи Эрон, миёни қаторкӯҳҳои баланд, даштҳои паҳновар ва роҳҳои таърихии корвонгузар, сарзамине ҷойгир аст, ки бо гуногунии фарҳангӣ ва зебоиҳои табииаш шинохта мешавад. Хуросони Шимолӣ ки маркази он шаҳри Бӯҷнӯрд мебошад, яке аз се вилояти Хуросони Эрон буда, бо вилоятҳои Хуросони Разавӣ, Гулистон, Симнон ва кишвари Туркманистон ҳаммарз аст.
Ин минтақа аз як тараф бо ёдгориҳои чандҳазорсолаи таърихӣ ва аз тарафи дигар бо табиати гуногунранг, деҳаҳои зебо ва фарҳанги ақвоми мухталиф таваҷҷуҳи сайёҳонро ҷалб мекунад. Хуросони Шимолиро метавон сарзамини пайванди фарҳангҳо номид; маконе, ки зиндагии шаҳрӣ ва деҳотӣ, суннатҳои гуногун ва манзараҳои нотакрори табиат дар канори ҳам қарор доранд.
Мавқеи ҷуғрофии ин минтақа дар ташаккули таърихи он нақши муҳим доштааст. Ҷойгир будан дар масири роҳҳои иртиботии шарқу ғарб боис шудааст, ки дар давраҳои гуногун гурӯҳҳои мухталифи инсонӣ ба ин сарзамин омада, дар он сукунат кунанд. Бозёфтҳои бостоншиносӣ аз давраҳои пеш аз ислом ва замони исломӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ин минтақа дар гузашта яке аз марказҳои муҳими зиндагӣ ва тамаддун будааст.
Бӯҷнӯрд; аз иморатҳои таърихӣ то чашмаҳои табиӣ
Бӯҷнӯрд, маркази Хуросони Шимолӣ, яке аз нахустин шаҳрҳоест, ки таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад. Ин шаҳр дар баробари имконоти шаҳрӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва маконҳои зебои табииро низ дар худ ҷой додааст.
Яке аз муҳимтарин диданииҳои Бӯҷнӯрд иморати Муфаххам аст. Ин бинои баҷомонда аз давраи Қоҷор бо меъмории зебо, кошикориҳои рангоранг ва ороишоти ҳунарӣ намунаи арзишманди меъмории он давра ба шумор меравад. Дар наздикии он, Ойинахонаи Муфаххам бо оинакориҳои зебо ва ороиши хоси дохилиаш аз дигар ёдгориҳои таърихии шаҳр аст.
Ҳусайнияи Ҷоҷармӣҳо низ аз биноҳои арзишманди таърихии Бӯҷнӯрд ба ҳисоб рафта, бо меъмории суннатиаш тасаввуре аз тарзи сохтмон ва зиндагии иҷтимоии мардум дар давраи Қоҷорро ба намоиш мегузорад.
Аммо ҷозибаи Бӯҷнӯрд танҳо ба ёдгориҳои таърихӣ маҳдуд намешавад. Боғи сайёҳии Бобоамон бо дарахтони куҳансол, фазои сабзу хуррам ва чашмаҳои табиӣ яке аз маъруфтарин маконҳои истироҳатии минтақа мебошад. Ҳамчунин, Бешқордош, ки дар наздикии шаҳр ҷойгир аст, бо чашмаҳои табиӣ ва манзараҳои дилнишинаш аз маконҳои дӯстдоштаи дӯстдорони табиат ба шумор меравад.
Номи «Бешқордош» дар забони туркӣ маънои «Панҷ бародар»-ро дорад ва бо ривоятҳои мардумии ин минтақа пайванд хӯрдааст.
Шаҳри таърихии Билқис; бозгӯкунандаи шукӯҳи рӯзгори гузашта
Дар миёни ёдгориҳои таърихии Хуросони Шимолӣ, шаҳри бостонии Билқис, ки дар наздикии Исфароин ҷойгир аст, мақоми хос дорад. Ин маҷмаа яке аз бузургтарин маҳаллаҳои таърихии хишти хоми Эрон ба шумор рафта, боқимондаҳои як шаҳри қадимиро дар бар мегирад, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ ободу шукуфон будааст.
Бар асоси бозёфтҳои бостоншиносӣ, таърихи сукунат дар ин маҳал ба охири давраи Сосониён мерасад ва ҳаёти шаҳрӣ дар он то давраи Сафавиён идома доштааст. Қалъаи марказӣ, бурҷу ҳисорҳо, хандақи муҳофизатӣ, боқимондаҳои бозор, обанборҳо ва кӯраҳои кулолгарӣ аз ҷумлаи осори боқимондаи ин маҷмааи таърихӣ мебошанд.
Шаҳри Билқис дар баъзе давраҳои таърихӣ, бахусус дар замони Салҷуқиён ва Элхониён, яке аз марказҳои муҳими минтақа будааст. Аммо ҳамлаҳо ва харобиҳои пайдарпай дар ниҳоят боиси холӣ ва беодам мондани он шуданд. Имрӯз боздид аз ин макон имкони шиносоӣ бо шаҳрсозӣ, меъмории хишти хом ва тарзи зиндагии мардумони қадимро фароҳам меорад.
Дар наздикии шаҳристон Гарма низ қалъаи Ҷалолиддин ҷойгир аст. Ин қалъаи таърихӣ дар баландии кӯҳ сохта шуда, бо бурҷҳо ва деворҳои сангини худ намунаи меъмории дифоии асрҳои миёна ба шумор меравад. Сохтмони онро ба қарнҳои шашум ва ҳафтуми ҳиҷрии қамарӣ нисбат медиҳанд.
Аспахӯ; ёдгоре аз рӯзгори бостон
Дар минтақаи Моне ва Самалқон бинои сангини Аспахӯ ҷойгир аст, ки яке аз ёдгориҳои арзишманд ва ҳамзамон мавриди баҳси таърихии Хуросони Шимолӣ ба шумор меравад. Ин бино маъмулан ба давраи Сосониён нисбат дода мешавад ва аз нигоҳи меъморӣ ва шеваи сохтмон аҳамияти хос дорад.
Дар бораи корбурди аслии ин бино назарҳои гуногун вуҷуд доранд. Дар бархе аз манбаъҳо аз он ҳамчун оташкадаи Аспахӯ ёд мешавад. Бо вуҷуди ин, меъмории сангин ва таърихи қадимаи он муҳимтарин вижагиҳои ин ёдгор мебошанд. Ин бино аз ҳузур ва фаъолияти ҷомеаҳои инсонӣ дар ин минтақа дар даврони пеш аз ислом гувоҳӣ медиҳад.
Аспахӯ дар баробари дигар мавзеъҳои бостонии Хуросони Шимолӣ нишон медиҳад, ки таърихи ин сарзамин танҳо ба давраи исломӣ маҳдуд намешавад ва решаҳои он ба замонҳои хеле қадимтар мерасанд.
Аз ҷангалҳои булут то дараҳои сарсабз
Агар таърих яке аз чеҳраҳои шинохтаи Хуросони Шимолӣ бошад, табиати он низ ба ҳамон андоза диданист. Гуногунии иқлим дар ин минтақа боис шудааст, ки дар масофаҳои на он қадар дур манзараҳои кӯҳсор, дашт, ҷангал, чашма ва шаршараро дидан мумкин бошад.
Ҷангали Даркаш дар шаҳристони Моне ва Самалқон яке аз намунаҳои барҷастаи табиати ин минтақа аст. Ин макон бо дарахтони булут ва манзараҳои сабзи кӯҳистонӣ аз маконҳои арзишманди табиии шарқи Эрон ба шумор меравад. Дараҳо ва роҳҳои табиии атрофи Даркаш, бахусус дар фаслҳои баҳору тобистон, барои сайругашт ва табиатгардӣ хеле мувофиқанд.
Деҳаи Спидон низ аз маконҳои диданӣ ва ҷолиби ин минтақа мебошад. Меъмории хос, хонаҳои суннатии деҳотӣ ва табиати кӯҳистонии атроф, ин деҳаро ба яке аз намунаҳои зебои зиндагии рустоӣ дар Хуросони Шимолӣ табдил додаанд.
Дараҳо ва манзараҳои табиии атрофи Шервон ва Форӯҷ низ аз дигар имконоти сайёҳии минтақа мебошанд. Дараи Шамхол бо кӯҳҳои баланду санглох, ҷӯйборҳои об ва манзараҳои нотакрораш яке аз маконҳои маъруфи табиатгардӣ дар минтақаи марзии Хуросони Шимолӣ ва Хуросони Разавӣ мебошад.
Ҳамчунин, боғҳои миллии Солук ва Соригул аз минтақаҳои муҳими ҳифзшавандаи табиии ин вилоят ба шумор мераванд. Ин минтақаҳо бо набототи гуногун ва макони зисти намудҳои мухталифи ҳайвонот аҳамияти вижаи экологӣ доранд. Онҳо барои дӯстдорони олами ҳайвонот ва табиатгардӣ ҷолибанд, ҳарчанд боздид аз бахшҳои ҳифзшавандаи онҳо тибқи қоидаҳои ҳифзи муҳити зист сурат мегирад.
Хуросони Шимолӣ; сарзамини ақвом ва оҳангҳои куҳан
Яке аз вижагиҳои муҳими Хуросони Шимолӣ гуногунии қавмию фарҳангии он аст. Курмонҷҳо, туркҳо, туркманҳо, тотҳо ва форсизабонон аз ҷумлаи гурӯҳҳое мебошанд, ки дар ин минтақа зиндагӣ мекунанд ва ҳар кадом дар ташаккули ҳувияти фарҳангии он саҳм доранд.
Ин гуногунрангиро метавон дар забон, либосҳои миллӣ, мусиқӣ, ойинҳои мардумӣ ва тарзи зиндагии рустоиву кӯчманчӣ мушоҳида кард. Мусиқии маҳаллӣ, бахусус оҳангҳои курмонҷӣ ва навои дутор, аз муҳимтарин ҷанбаҳои фарҳанги ин сарзамин мебошанд.
Дутор дар миёни мардуми Хуросон ҷойгоҳи хос дорад. Ривоятҳои шифоҳӣ, достонҳои ҳамосӣ ва қиссаҳои ошиқона бо навои ин соз аз насл ба насл интиқол ёфтаанд.
Ин вижагии фарҳангӣ метавонад барои бинандагон ва хонандагони Тоҷикистон ва Афғонистон низ ошно ва ҷолиб бошад. Хуросони таърихӣ дар хотираи фарҳангии форсизабонон танҳо як минтақаи ҷуғрофӣ нест, балки номест, ки бо таърих, адабиёт, мусиқӣ ва равобити фарҳангии мардум пайванд дорад. Ҳарчанд Хуросони Шимолӣ имрӯз аз нигоҳи ҷуғрофӣ ва маъмурӣ бахше аз Эрони муосир аст ва гуногунии қавмии хоси худро дорад, ҳузури суннатҳои куҳани хуросонӣ ва ривоҷи забону адабиёти форсӣ заминаи шиносоии пайвандҳои фарҳангии ин минтақаро бо дигар сарзаминҳои форсизабон фароҳам меорад.
Аз сӯи дигар, зиндагии кӯчманчӣ ва суннатҳои марбут ба асппарварӣ низ аз вижагиҳои ҷолиби ин минтақа мебошанд. Мусобиқаҳои аспдавонӣ ва ҷашнвораҳои маҳаллӣ, бахусус дар миёни бархе аз ҷомеаҳои туркману курмонҷ, бахше аз фарҳанг ва зиндагии иҷтимоии мардуми Хуросони Шимолиро ташкил медиҳанд.
Ҳунарҳои мардумӣ низ дар ин минтақа ҷойгоҳи муҳим доранд. Қолинбофӣ, гилембофӣ, бофтаҳои дастии маҳаллӣ ва дигар ҳунарҳои суннатӣ на танҳо бахше аз мероси ҳунарии мардум, балки бозтоби тарзи зиндагӣ ва завқи зебоипарастии хонаводаҳои рустоиву кӯчманчӣ мебошанд.
Деҳаҳо ва таомҳои маҳаллӣ; таҷрибаи дигаргунаи зиндагӣ
Дар баробари ёдгориҳои таърихӣ ва манзараҳои табиӣ, деҳаҳои Хуросони Шимолӣ низ аз ҷозибаҳои сайёҳии ин минтақа ба шумор мераванд.
Деҳаи Рӯин дар Исфароин бо бофти зинамонанд ва хонаҳое, ки дар нишеби кӯҳ бунёд шудаанд, яке аз деҳаҳои диданӣ ва зебои ин вилоят аст. Табиат ва кӯҳистони атроф, боғҳо ва фазои орому осудаи деҳа онро ба макони муносибе барои сайёҳоне табдил додаанд, ки мехоҳанд бо зиндагии суннатӣ ва фарҳанги рустоии минтақа аз наздик ошно шаванд.
Таомҳои маҳаллӣ низ бахше аз таҷрибаи сафар ба Хуросони Шимолӣ мебошанд. Хӯрокҳои суннатӣ, ки бо шароити иқлимӣ ва тарзи зиндагии мардум мутобиқ шудаанд, маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулоти ширии маҳаллӣ ва нонҳои суннатӣ гуногунии фарҳанги ғизоии ин минтақаро ташкил медиҳанд.
Ангур ва мавиз, бахусус дар бархе аз минтақаҳои ин вилоят, аз маҳсулоти маъруфи маҳаллӣ мебошанд. Ин маҳсулот дар баробари маҳсулоти чорводорӣ ва ҳунарҳои дастӣ бахше аз армуғонҳои Хуросони Шимолиро ташкил медиҳанд.
Хуросони Шимолӣ барои дӯстдорони сайёҳии фарҳангӣ имконият фароҳам меорад, ки ба ҷойи танҳо гузаштан аз ин минтақа дар масири сафар, чанд рӯз дар он таваққуф кунанд ва бо мардум, расму ойинҳо, ҳунарҳои дастӣ ва табиати он аз наздик ошно шаванд.
«Эрони Ҷон»; имконияте барои муаррифии зарфиятҳои Хуросони Шимолӣ
Гуногунии таърихӣ, табиӣ ва фарҳангии Хуросони Шимолӣ ин минтақаро ба яке аз маконҳои ҷолиби сайёҳӣ дар шимолу шарқи Эрон табдил додааст. Бо вуҷуди ин, бисёре аз ҷозибаҳои он ҳанӯз барои сайёҳони берун аз ин минтақа ба қадри кофӣ шинохта нашудаанд.
Дар ҳамин замина, Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чорчӯби силсилабарномаҳои расонаии «Эрони Ҷон» муаррифии зарфиятҳои вилоятҳои гуногуни ин кишварро дар барномаи кори худ қарор додааст. Хуросони Шимолӣ мизбони даври дувоздаҳуми ин рӯйдод шудааст.
Ҳадафи баргузории ин барнома муаррифии имкониятҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ин вилоят ва фароҳам овардани замина барои ошноии бештари мардум бо вижагиҳои он мебошад.
Хуросони Шимолиро наметавон танҳо бо чанд ёдгории таърихӣ ё манзараи зебои табиӣ муаррифӣ кард. Ҳувияти ин сарзамин дар пайванди таърих, табиат ва фарҳанги мардумоне нуҳуфтааст, ки бо забонҳо, суннатҳо ва ҳунарҳои гуногун симои рангини зиндагиро дар шимолу шарқи Эрон офаридаанд.
Шиносоӣ бо ин сарзамин барои бинандагон ва хонандагони Тоҷикистон ва Афғонистон низ фурсатест, то бо гӯшаи камтар шинохташудаи ҷуғрофиёи фарҳангии Хуросони бузург ошно шаванд.