نشرات زنده
فارسی English عربي
66
-
الف
+

Аз дӯстии устоду шогирд то пайванди ду миллат: филми нави муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон

Филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи зиндагӣ ва дӯстии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ имрӯз дар Душанбе нахустнамоиш мешавад

Филми таърихии «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ», маҳсули муштараки синамогарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта мешавад.

Нахустнамоиши ин филм имрӯз, 16 ноябри соли 2026, соати 17:00 дар кинотеатри «Ватан»-и шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти ду чеҳраи бузурги адабиёту фарҳанги Шарқ — Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ нақл мекунад. Дар маркази достон дӯстии самимӣ, муносибати устоду шогирдӣ ва саҳми арзандаи ин ду адиби маъруф дар рушди илму фарҳанг ва адабиёти Шарқ қарор дорад.

Наворбардории филм дар маконҳои таърихии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин дар павилонҳои киностудияҳои «Тоҷикфилм» ва «Ӯзбекфилм» сурат гирифтааст. Дар таҳияи он мутахассисони ҳар ду кишвар ва коршиносони хориҷӣ иштирок намудаанд.

Барои бозсозии фазои таърихӣ, омода кардани либосҳои саҳнавӣ ва ороиши чеҳраи ҳунармандон, инчунин сабти саҳнаҳои муҳориба аз технологияҳои муосири филмсозӣ истифода шудааст.

Ин асари муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар жанри драмаи таърихӣ таҳия шуда, 144 дақиқа давом мекунад.

Қобили зикр аст, ки тасмими таҳияи ин филм соли 2021 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гирифта шуда буд.

Ҷомӣ ва Навоӣ; меросе фаротар аз марзҳо

Абдураҳмони Ҷомӣ, шоир ва орифи бузурги форсизабон, ва Алишери Навоӣ, адиб ва мутафаккири маъруфи давраи Темуриён, аз чеҳраҳои барҷастаи фарҳангии асри XV ба шумор мераванд. Онҳо дар шаҳри Ҳирот зиндагӣ ва фаъолият мекарданд.

Ҷомӣ яке аз шоирони номдори адабиёти форсӣ буда, Навоӣ низ дар баробари эҷоди осор ба забони туркии ҷағатоӣ, бо забон ва адабиёти форсӣ пайванди устувор дошт. Дӯстӣ ва муносибати устоду шогирдии ин ду мутафаккир намунаи равшани ҳамзистии забонҳо ва фарҳангҳо дар тамаддуни муштараки Хуросон мебошад.

Имрӯз мероси гаронбаҳои Ҷомӣ ва Навоӣ на танҳо ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, балки ба Афғонистон, ки яке аз сарзаминҳои асосии зиндагӣ ва фаъолияти фарҳангии онҳо ба шумор меравад, инчунин ба Эрон низ тааллуқ дорад. Осори ин ду бузургвор ҳамчун бахше аз ганҷинаи адабиёти форсӣ дар ин кишварҳо ҷойгоҳи хос дорад.

Аз ин рӯ, таҳияи филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ»-ро метавон талоше барои зинда нигоҳ доштани пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони минтақа донист. Пайвандҳое, ки забон ва адабиёти форсӣ яке аз муҳимтарин ҳалқаҳои пайвасткунандаи онҳо мебошад.

نظر شما
ارسال نظر