Сериали телевизионии «Ҳаволии пойиз» аз рӯзи душанбе, 23 ноябри соли 2026, дар ҷадвали пахши шабакаи Айфилм2 ҷой мегирад. Ин драмаи ошиқона қиссаи муҳаббати Меҳрон, ҷавони эронӣ ва Сора, духтари арабро дар баробари мушкилоти зиндагии як оила ва паёмадҳои як фоҷиаи бузурги инсонӣ ба тасвир мекашад. Ин сериал бо коргардонии Ҳусейн Намозӣ таҳия шуда, дар он мавзӯъҳои ишқ, тафовутҳои фарҳангӣ ва як ҳодисаи талхи воқеӣ ба ҳам пайванд ёфтаанд.
Қисса аз зиндагии хонаводаи хонум Парвин оғоз мешавад. Ин оила бинобар мушкилоти молӣ маҷбур мегардад коргоҳи дӯзандагии худро бандад. Дар чунин шароит, Сомон пешниҳод мекунад, ки коргоҳро дар хона аз нав ба роҳ монанд. Ҳамзамон, Меҳрон ба Сора, духтари араб, дил мебандад. Аммо тафовутҳои забонӣ, фарҳангӣ ва оилавӣ муносибати онҳоро бо мушкилот рӯ ба рӯ месозанд. Бо вуҷуди ин, онҳо бо ҳам издивоҷ мекунанд, вале ҳодисаҳои баъдӣ зиндагии ин хонаводаро ба куллӣ тағйир медиҳанд.
Бо сафари ду писари ин оила барои адои маросими ҳаҷ, қисса ба фоҷиаи Мино дар соли 2015 мерасад. Ин ҳодисаи дарднок, ки боиси ҳалокати садҳо зоир ва мотами хонаводаҳои зиёде гардид, бахши дигари достони силсиларо ташкил медиҳад. «Ҳаволии пойиз» аз ин роҳ ранҷу интизории хонаводаҳои қурбониёни ин фоҷиаро низ ба тасвир кашида, қиссаи ошиқонаро бо як рӯйдоди воқеии таърихӣ мепайвандад.
Сериали «Ҳаволии пойиз» соли 2018 таҳия шуда, Ҳусейн Намозӣ на танҳо коргардон, балки муаллифи филмномаи он низ мебошад. Руъё Таймуриён, Лайло Утодӣ, Ҳусейн Меҳрӣ, Муно Каримӣ, Анн Мари Салома, Баҳром Иброҳимӣ, Ризо Акбарпур ва Орша Акдасӣ аз ҷумлаи ҳунармандони ин силсила мебошанд.
Сериали «Ҳаволии пойиз» аз рӯзи душанбе, 23 ноябри соли 2026, ҳар рӯз соати 16:00 ба вақти Теҳрон, 17:00 ба вақти Кобул ва 17:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи Айфилм2 пахш мешавад.