Бо дархости пайвастаи бинандагон барои пахши мавсимҳои гуногуни сериали «Пойтахт», мавсими панҷуми ин сериали маҳбуб аз 14 ноябри соли 2026 ба шабакаи «Айфилм2» бармегардад. Дар ин мавсим сафари фароғатии оилаи Маъмули ба силсилаи ҳодисаҳои ғайричашмдошт ва хатарнок табдил меёбад.
Қисса аз он ҷо оғоз мешавад, ки Арасту мошини нав харида, Нақӣ ва аҳли оилаи ӯро ба сайругашт даъват мекунад. Аммо дар роҳ мошин чаппа шуда, аъзои оилаи Нақӣ осеб мебинанд. Ин ҳодиса боиси сард шудани муносибати Нақӣ ва Арасту мегардад.
Баъдан Арасту барои тағйир додани рӯҳияи аҳли оила онҳоро ба сафар ба Туркия мебарад. Вале ин сафар низ ғайричашмдошт идома меёбад. Нақӣ ва наздиконаш ҳангоми пуфаксаворӣ ба таври тасодуфӣ ба Сурия меафтанд ва дар миёни даргириҳо ва хатари гурӯҳи террористии ДИИШ қарор мегиранд.
Акнун оилаи Маъмули бояд барои наҷоти ҷони худ аз минтақаи ҷангӣ берун шавад. Ҳамин тавр, мазҳакаи оилавӣ бо саргузаштҳои ҷангӣ ва ҳодисаҳои пуршиддат омезиш меёбад.
Мавсими панҷуми «Пойтахт»-ро Сирус Муқаддам коргардонӣ карда, Илом Ғафурӣ таҳия намудааст. Муҳсин Танобанда низ дар навиштани достони ин мавсим саҳм дорад.
Дар ин сериал ҳунармандоне чун Муҳсин Танобанда, Аҳмад Меҳронфар, Римо Роминфар, Алиризо Хамса, Насрин Нусратӣ, Ҳуман Ҳоҷӣ Абдуллоҳӣ, Баҳром Афшорӣ, Салмон Хаттӣ, Ҳидоят Ҳошимӣ, Соро ва Нико Фарғониасл ва дигарон нақш офаридаанд.
Мавсими панҷуми «Пойтахт» аз 14 ноябри соли 2026, ҳамарӯза соати 21:00 ба вақти Кобул ва 21:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи «Айфилм2» пахш мешавад.