نشرات زنده
فارسی English عربي
76
-
الف
+

Аз дилтангӣ то умеди дидор; таронаи пурэҳсоси силсилафилми Сарбоз

Сарбоз драмаи иҷтимоиву ошиқона дар бораи хидмат ба Ватан, ишқ, оила ва масъулият аст. Таронаи оғозии он бо садои Муҳаммад Мӯътамадӣ аз пазмонӣ, умед ва ниёз ба ҳамдилӣ мегӯяд

Сериали «Сарбоз» ҳар рӯз соати 16:00 ба вақти Теҳрон, 17:00 ба вақти Кобул ва 17:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи «Айфилм2» намоиш дода мешавад. Ин драмаи иҷтимоиву ошиқона дар баробари тасвири рӯзҳои хидмат ба Ватан, ба муносибатҳои инсонӣ, масъулиятшиносӣ, ишқ ва мушкилоти зиндагии муштарак низ мепардозад.

Яке аз ҷолибиҳои ин сериал таронаи оҳанги оғозии он бо садои Муҳаммад Мӯътамидӣ, овозхони шинохтаи эронӣ мебошад. Ин тарона бар ашъори Сайид Тақӣ Сайидӣ ва бо оҳангсозии Масъуд Саховатдӯст эҷод шудааст. Калимаҳои пур аз пазмонӣ ва умед шунавандаро ба олами эҳсосии қаҳрамонҳои достон наздик мекунанд.

Қиссаи «Сарбоз» дар бораи Яҳё, сарбозест, ки рӯзгори ӯ дар канори ҳамсараш Ялдо ва дӯстонаш нақл мешавад. Масъулиятҳои давраи хидмат, муносибатҳои оилавӣ ва фарозу нишебиҳои зиндагии эҳсосӣ қаҳрамонҳоро бо вазъият ва интихоби душвор рӯ ба рӯ мекунанд.

Дар чунин фазо таронаи сериал низ бо забони ошиқона аз дурӣ, интизорӣ ва ниёзи инсон ба ҳузури шахси азизе мегӯяд, ки дар лаҳзаҳои сахт такягоҳаш бошад.

Дар оғози тарона чунин мешунавем:

«Ба ту дил надиҳам,

ба кӣ дил диҳам?

Чӣ кунам, ки чунин дилтангам?

На канори туям, на қарори туям,

На барои худам меҷангам».

Ин мисраъҳо бо фазои ошиқона ва инсонии достон пайванди наздик доранд. Дурӣ аз азизон, пазмонӣ ва душвории нигоҳ доштани муносибатҳои эҳсосӣ дар шароити масъулиятҳои зиндагӣ аз ҷумлаи эҳсосоте мебошанд, ки дар ин тарона инъикос ёфтаанд.

Аммо тарона танҳо аз ғаму ҷудоӣ намегӯяд. Дар бахши дигар умед ба оянда ва орзуи дубора ба ҳам расидани ду инсон садо медиҳад:

«Рӯзе аз фардоҳо, шояд дар хобҳо,

Дастатро мегирам».

Ин нигоҳе умедворона дар канори эҳсоси пазмонӣ ба тарона тобиши хос мебахшад: аз як тараф ғами дурӣ ва аз тарафи дигар орзуи расидани рӯзҳое, ки фосилаҳо аз байн мераванд.

Яке аз бахшҳои таъсирбахши тарона даъват ба ҳамроҳӣ ва ҳамдардист:

«Дастамро бигир, чашмонатро бибанд,

Бо ман гиря кун, ҳамроҳам биханд.

Умри рафтаро раҳо кун,

Ту фақат маро садо кун».

Ин суханон аз аҳамияти ҳамдигарфаҳмӣ ва пуштибонии якдигар дар муносибатҳои инсонӣ мегӯянд. Баъзан инсон дар рӯзҳои душвор на ба роҳи ҳалли мураккаб, балки ба ҳузури шахсе ниёз дорад, ки дарду эҳсосашро дарк кунад ва дар ғаму шодиаш ҳамроҳ бошад. Ин мазмун бо фазои оилавӣ ва эҳсосии «Сарбоз» низ ҳамоҳанг аст.

Дар бахши дигари тарона чунин мисраъҳоро мешунавем:

«Ашкамро бубин, ғарқи боронам,

Ҳам пур аз дардам, ҳам парешонам».

Ин мисраъҳо лаҳзаҳоеро тасвир мекунанд, ки баён кардани дард душвор аст ва инсон бештар аз ҳама мехоҳад, ки ӯро дарк кунанд. Садои Муҳаммад Мӯътамидӣ дар ҳамоҳангӣ бо ашъори эҳсосии Сайид Тақӣ Сайидӣ ба ин тарона таъсири бештар мебахшад.

Ҳамоҳангии мазмуни тарона бо муҳтавои силсилафилм аз вижагиҳои ҷолиби ин асар аст. «Сарбоз» ҳарчанд аз рӯзҳои хидмат ва масъулиятҳои он нақл мекунад, дар асл қиссаи ишқ, оила, дӯстӣ ва пайвандҳои инсонист. Таронаи оғозӣ низ ҳамин паҳлӯи достонро барҷаста месозад ва ёдрас мекунад, ки пушти ҳар масъулияту рӯзи душвор эҳсосоте нуҳуфтаанд, ки баъзан танҳо бо забони мусиқӣ метавон онҳоро баён кард.

Сериали «Сарбоз» ҳар рӯз соати 16:00 ба вақти Теҳрон, 17:00 ба вақти Кобул ва 17:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи «Айфилм2» намоиш дода мешавад.

نظر شما
ارسال نظر