نشرات زنده
فارسی English عربي
36
-
الف
+

Рӯзи театри тоҷик; қариб як аср дар саҳнаи фарҳанг

Ҳафтуми ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мешавад. Ин сана ба таъсиси нахустин театри драмавии кишвар дар соли 1929 рост меояд

Ҳафтуми ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мешавад. Ин сана ба таъсиси нахустин театри драмавии кишвар дар соли 1929 рост меояд. Дар тӯли қариб як аср театр дар рушди фарҳанги Тоҷикистон ва тарбияи наслҳои гуногуни ҳунармандон нақши муҳим доштааст.

Нахустин театри драмавии Тоҷикистон 7 ноябри соли 1929 таъсис ёфт ва соли 1933 ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, шоир ва намоишноманависи маъруф, гузошта шуд. Ҳомид Маҳмудов, асосгузор ва нахустин коргардони театри тоҷик, ва Ефим Мителман дар ташаккули ин маркази ҳунарӣ саҳми муҳим гузоштанд. Муҳаммадҷон Қосимов, Аслӣ Бурҳонов, Туҳфа Фозилова ва Лутфӣ Зоҳидова низ аз ҳунармандони нахустини ин театр буданд.

Театри Лоҳутӣ ва муаррифии ҳунари тоҷик

Бо талошҳои Абулқосим Лоҳутӣ асарҳои маъруфи ҷаҳонӣ, аз ҷумла «Отелло», «Шоҳ Лир» ва «Ромео ва Ҷулетта»-и Уилям Шекспир ба забони тоҷикӣ тарҷума ва рӯйи саҳна оварда шуданд. Театр соли 1939 мақоми академӣ гирифт. Соли 1964 низ бо панҷ намоишнома, аз ҷумла «Рӯдакӣ» ва «Гавҳари шабчароғ»-и Сотим Улуғзода, дар театри «Поҳандурӣ»-и Афғонистон ҳунарнамоӣ кард.

Дар таърихи ин театр ҳунармандони маъруфе чун Ҳошим Гадо, Майрам Исоева, Ато Муҳаммадҷонов ва Хайрӣ Назарова низ нақши намоён доранд. Туҳфа Фозилова ва Лутфӣ Зоҳидова аз пешсафони ҳунари касбии актёрии занон дар Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Вазъи театр дар Тоҷикистон имрӯз

Бино ба омори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, то 1 июни соли 2026 дар кишвар 22 театри халқӣ, 18 театри касбӣ, 2 театри студиявӣ ва 5 амфитеатр фаъолият доштаанд. Соли 1991 шумораи театрҳо ҳамагӣ 15 адад буд.

Барномаи давлатии рушди ҳунари театрӣ барои солҳои 2025–2029 бо ҳадафи ҳифзи суннатҳои театрӣ, таҳияи намоишномаҳои нав, ҷалби тамошобинон ва беҳтар кардани имконоти техникӣ қабул шудааст. Ҷашнвораи ҷумҳуриявии «Парасту» ва ҷашнвораҳои байналмилалии «Наврӯз» ва «Фаҷр» низ барои муаррифии ҳунари театрӣ ва густариши ҳамкориҳои эҷодӣ мусоидат мекунанд.

Аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангии соли 2026 ифтитоҳи бинои нави Театри миллии Тоҷикистон дар Душанбе, 24 августи соли ҷорӣ, буд. Ин маҷмааи ҳафтошёна дорои се толори асосӣ бо ғунҷоиши 2500, 1000 ва 1115 тамошобин мебошад.

Рӯзи театри тоҷик фурсатест барои қадрдонӣ аз ҳунармандон ва ёдоварӣ аз нақши театр дар ҳифзи забон, ҳувият ва мероси фарҳангии Тоҷикистон.

نظر شما
ارسال نظر