نشرات زنده
فارسی English عربي
55
-
الف
+

Аз рӯзи нахустини зиндагӣ дар ранҷ то мубориза бо тақдир; саргузашти «Дунё» дар iFilm2

Духтаре, ки баъди марги модараш ба дунё меояд, дар қашшоқӣ ба воя мерасад ва миёни хостаи дилу тақдири ногузир қарор мегирад. сериали «Гузар аз ранҷҳо» ба зудӣ дар iFilm2 намоиш дода мешавад

Сериали таърихию иҷтимоии «Гузар аз ранҷҳо», ки саргузашти пуршебу фарози зане бо номи Дуняро ба риштаи тасвир мекашад, аз рӯзи сешанбе, 10 ноябри соли 2026, ба ҷадвали пахши барномаҳои шабакаи iFilm2 ворид мешавад.

Ин сериал бо нависандагӣ ва коргардонии Фаридун Ҳасанпур таҳия шуда, қиссаи занеро нақл мекунад, ки зиндагияш аз лаҳзаи таваллуд бо мушкилоту маҳрумият оғоз меёбад. Модараш ҳангоми таваллуди ӯ аз дунё мегузарад, падараш имконоти молии чандоне надорад ва духтар маҷбур мешавад, ки дар шароити душвор роҳи зиндагиро мустақилона омӯзад.

Дунё дар идомаи зиндагӣ бо муносибатҳои сахти феодалӣ ва ҳукмронии заминдорони зӯргӯ бар мардуми деҳа рӯ ба рӯ мешавад. Фақру тангдастӣ ӯро водор месозад, ки дар хонаи яке аз наздикони хон ба кор машғул шавад. Аммо ошноӣ бо саводомӯзӣ ва ҷаҳони дониш дари тозаеро ба рӯяш мекушояд. Дилбастагии ӯ ба омӯзгори деҳа ва орзуи бунёди зиндагии дигар, дар муқобили тасмимҳои хонаводаи хон қарор мегирад. То ҷое, ки Дунё бар хилофи хоҳиши худ маҷбур мешавад бо писари хон издивоҷ кунад.

Бо вуҷуди ин, саргузашти Дунё танҳо қиссаи ранҷу маҳрумият нест, балки достони талоши занест, ки дар баробари шароити таҳмилшуда таслим намешавад ва барои расидан ба орзуҳо ва тағйир додани роҳи зиндагии худ мубориза мебарад.

«Гузар аз ранҷҳо» дар баробари бозгӯ кардани зиндагии ин зан, тасвире аз муносибатҳои иҷтимоӣ, фарқияти табақотӣ, вазъи сокинони деҳот ва таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоии Эронро дар солҳои 1956 то 1990 ба намоиш мегузорад. Ҳамин тавр, саргузашти як зану як хонавода бо таҳаввулоти як давраи таърихӣ пайванд мехӯрад; даврае, ки тағйироти иҷтимоӣ ба зиндагии мардуми одӣ низ таъсир мерасонанд.

Дар ин сериал ҳунармандоне чун Бобак Ҳамидиён, Пежмон Бозғӣ, Моҳчеҳра Халилӣ, Паём Деҳкардӣ, Меҳрон Раҷабӣ, Ҷаъфар Деҳқон, Негин Мӯътазадӣ, Шиво Тоҳирӣ, Тарлон Парвона, Ҳастӣ Маҳдавӣ, Маҷид Паткӣ, Озито Туркванд, Симо Хезрободӣ ва Марям Худораҳмӣ нақш офаридаанд.

Силсилаи «Гузар аз ранҷҳо» аз рӯзи сешанбе, 10 ноябри соли 2026, ҳамарӯза соати 21:00 ба вақти Кобул ва 21:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи iFilm2 пахш мешавад.

نظر شما
ارسال نظر