نشرات زنده
فارسی English عربي
93
-
الف
+

Як сафари кӯтоҳ то беморхона ва ҳодисаҳои ғайриинтизор; «Имрӯз» дар Айфилм 2

Як зани ҳомила, ронандаи камгап ва беморхонае пур аз саволҳо; филми «Имрӯз» бо коргардонии Ризо Миркаримӣ қиссаи инсондӯстӣ ва довариҳои саросемаворро нақл мекунад

Баъзан як кӯмаки одӣ инсонро дар вазъияте қарор медиҳад, ки ҳар посухи ӯ саволҳои навро ба миён меорад. Филми ҳунарии «Имрӯз» бо коргардонии Ризо Миркаримӣ, рӯзи панҷшанбе, 5 ноябри соли 2026, аз шабакаи телевизионии «Айфилм2» намоиш дода мешавад.

Юнус, ронандаи солхӯрдаву камгап, дар поёни як рӯзи корӣ бо зани ҷавони ҳомила рӯ ба рӯ мешавад, ки барои расидан ба беморхона ба кӯмак ниёз дорад. Ӯ занро ба беморхона мерасонад, аммо ҳузури онҳо дар паҳлуи ҳам боиси пайдо шудани саволҳо ва гумонҳои гуногун дар байни табибону кормандони беморхона мегардад. Юнус бошад, ба пурсишҳои онҳо посухи равшане намедиҳад.

Ҳодисаҳои филм асосан дар муҳити беморхона ҷараён гирифта, нигаронии зан, нигоҳҳои пурсуҷӯйи атрофиён ва хомӯшии Юнус фазои пуршиддатеро ба вуҷуд меоранд. Филм бинандаро ба андеша водор мекунад, ки оё барои ба инсоне дасти ёрӣ дароз кардан, донистани тамоми гузашта ва шахсияти ӯ зарур аст?

Ризо Миркаримӣ дар ин асар симои марди камгаперо офаридааст, ки ба доварии дигарон чандон аҳамият намедиҳад. Парвиз Парастуӣ, Суҳайло Гулистонӣ, Шабнам Муқаддамӣ ва Ҳисом Маҳмудӣ аз ҳунарпешагони филм мебошанд.

«Имрӯз» соли 2013 дар Эрон таҳия шуда, дар 32-юмин Ҷашнвораи байналмилалии филми Фаҷр иштирок кардааст. Шабнам Муқаддамӣ барои нақшофарӣ дар ин филм ҷоизаи «Симурғи булӯрин»-ро дар бахши беҳтарин нақши дуюми занона ба даст овардааст. Ҳамчунин, ин асар ҳамчун намояндаи Эрон барои ширкат дар бахши филмҳои ғайрианглисизабони 87-умин маросими ҷоизаҳои «Оскар» пешниҳод шуда буд. Филм бо ҳамкорӣ ва сармоягузории шабакаи телевизионии «Айфилм» таҳия шудааст.

Филми ҳунарии «Имрӯз» рӯзи панҷшанбе, 5 ноябри соли 2026, соати 21:00 ба вақти Кобул ва 21:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи телевизионии «Айфилм2» намоиш дода мешавад.

نظر شما
ارسال نظر