نشرات زنده
فارسی English عربي
33
-
الف
+

Дар ҳашт сол беш аз 33 ҳазор нафар дар озмуни ҷумҳуриявӣ ширкат карданд

Озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар ҳашт сол беш аз 33 ҳазор иштирокчиро ҷалб карда, имсол 143 нафар соҳиби ҷоиза шуданд

Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар ҳашт соли баргузорӣ беш аз 33 ҳазор иштирокчиро ҷалб кардааст. Ин озмун соли 2019 бо мақсади кашф ва дастгирии истеъдодҳои наврасону ҷавонон таъсис ёфта, ҳамасола баргузор мешавад.

Озмун ба рушди истеъдодҳои ҷавон дар бахшҳои оҳангсозӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ бо созҳои миллӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн равона шудааст. Ҳамчунин, тарғиби фарҳангу ҳунари миллӣ ва эҷоди асарҳое, ки табиат, таърих ва дастовардҳои Тоҷикистонро инъикос мекунанд, аз ҳадафҳои он ба шумор мераванд.

Соли 2026 дар даври аввали озмун 6245 нафар ширкат варзида, 2677 нафар ба даври дуюм ва 581 нафар ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар натиҷа, 143 иштирокчӣ дар бахшҳои гуногун соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва Шоҳҷоиза шуданд. Аз ҷумла, шаҳри Душанбе бо 60 ҷоиза пешсаф гардид. Ба ғолибони вилояти Суғд 29 ҷоиза ва вилояти Хатлон 23 ҷоиза дода шуд.

Барои баргузории озмун дар соли ҷорӣ 8 миллиону 260 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Ғолибон дар баробари мукофотҳои пулӣ имтиёзҳои дигар, аз ҷумла имкони таҳсили ройгон дар муассисаҳои таълимии соҳаи санъату фарҳанг ва шомил шудан ба иттифоқҳои эҷодиро низ ба даст меоранд.

Дар ин муддат озмун ба яке аз майдонҳои муҳими муаррифӣ ва рушди истеъдодҳои ҷавон дар Тоҷикистон табдил ёфтааст.

نظر شما
ارسال نظر