Маросими ҷамъбасти Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтаки «Чодари хаёл» 26 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Фестивал аз 21 то 26 октябр идома ёфта, дар он гурӯҳҳои театрӣ аз Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон иштирок карданд.
Дар доираи фестивал ҳунармандон намоишномаҳои гуногунро ба саҳна гузошта, таҷрибаи худро дар соҳаи санъати театри лӯхтак бо ҳам мубодила карданд. Аз ҷумла, намоишномаҳои «Шоҳзодаи афсуншуда» Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бӯстон, «Алиҷон ва хирс»Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бохтари Тоҷикистон, «Қиссаҳои қадим» Туркманистон, «Пӯст ва варзиш» Қазоқистон, «Малика ва нахӯд ё панҷ шаби беохир» Русия ва «Тойча» Ӯзбекистон пешниҳод шуданд.
Яке аз бахшҳои ҷолиби фестивал таваҷҷуҳ ба мероси адабӣ ва фарҳангии минтақа буд. Ҳунармандони Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки «Лухтак»-и шаҳри Душанбе дар маросими ҷамъбастӣ намоишномаи «Қиссаи Рустам»-ро дар асоси асари безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба саҳна гузоштанд. Ин намоишнома намунаи пайванди санъати муосири театрӣ бо мероси муштараки адабии халқҳои форсизабон гардид.
Ба гуфтаи ташкилкунандагон, фестивали «Чодари хаёл» барои шиносоии ҳунармандон бо таҷрибаи ҳамдигар, густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва такмили маҳорати касбӣ имконият фароҳам меорад. Ҳамчунин, дар ҷараёни чорабинӣ ба нақши театри лӯхтак дар ташаккули завқи бадеии кӯдакон ва ошно сохтани онҳо бо мафҳумҳое чун дӯстӣ, зебоӣ ва арзишҳои инсонӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба ҳунармандон ва гурӯҳҳое, ки дар баргузории фестивал ва рушди санъати театри лӯхтак саҳм гузоштаанд, изҳори сипос карда шуд.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтаки «Чодари хаёл» аз соли 2007 баргузор шуда, ҳар ду сол як бор ҳунармандони кишварҳои гуногунро гирди ҳам меорад. Рушди санъати театри лӯхтак, эҳёи анъанаҳои театрии Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкориҳои ҳунарӣ миёни кишварҳо аз ҳадафҳои асосии ин чорабинӣ ба шумор мераванд.