نشرات زنده
فارسی English عربي
16
-
الف
+

Китобу забони форсӣ — меҳвари ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон

Эрону Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва нашри китоб гурӯҳи муштараки корӣ таъсис медиҳанд

Дар ҳошияи Намоишгоҳи XIV байналмилалии китоби Душанбе, намояндагони соҳаи фарҳанги Эрон ва Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи китобу нашр, тарҷумаи осори адабӣ ва муаррифии мероси муштараки форсизабонон таъкид карданд.

Бино ба гузоришҳои хабаргузории «Ховар» ва расонаҳои Эрон, Муҳсин Ҷаводӣ, муовини умури фарҳангии вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон, дар мулоқотҳо бо намояндагони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳо миёни ноширони ду кишвар, нашри муштараки осори адабию таърихӣ, табодули таҷрибаи касбӣ ва муаррифии нависандагони муосирро баррасӣ кард.

Дар ин мулоқотҳо ҷонибҳо ҳамчунин ба аҳамияти забони форсӣ ҳамчун пайванди таърихию фарҳангии ду миллат таъкид намуданд. Бар асоси тавофуқи бадастомада, қарор аст гурӯҳи муштараки корӣ барои пайгирӣ ва иҷрои барномаҳои фарҳангӣ ва осон кардани раванди ҳамкориҳои дуҷониба таъсис дода шавад.

Муҳсин Ҷаводӣ дар ҷараёни сафари худ ба Тоҷикистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон низ боздид карда, бо бозёфтҳои бостоншиносӣ, намунаҳои ҳунарҳои суннатӣ ва бахшҳое аз мероси таърихию фарҳангии мардуми тоҷик шинос шуд.

Намоишгоҳи XIV байналмилалии китоби Душанбе аз 22 то 24 октябри соли 2026 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

نظر شما
ارسال نظر