نشرات زنده
فارسی English عربي
27
-
الف
+

Шабакаи «Айфилм 2» сериали таърихию сиёсии «Ду Нимаи Моҳ»-ро намоиш медиҳад

Сериали таърихию сиёсии «Ду Нимаи Моҳ» бо коргардонии Аҳмад Муъаззамӣ ба зудӣ дар шабакаи «Айфилм 2» намоиш дода мешавад

Сериали таърихию сиёсии «Ду Нимаи Моҳ» аз 1 ноябри соли 2026 дар шабакаи «Айфилм2» намоиш дода мешавад.

Сериал бо коргардонии Аҳмад Муъаззамӣ таҳия шуда, рӯйдодҳои сиёсиву иҷтимоии Эронро аз солҳои 1960 то 1980-и асри гузашта дар заминаи сарнавишти ду кӯдак — Озар ва Ваҳид — бозгӯ мекунад. Пас аз он ки падару модари онҳо бар асари паноҳ ёфтани яке аз аъзои Созмони муҷоҳидини халқ дар хонаашон кушта мешаванд, кӯдакон ба ятимхона супурда мешаванд. Минбаъд зиндагии онҳо бо таҳаввулоти сиёсии кишвар пайванд мехӯрад.

Асар ба фаъолияти Созмони муҷоҳидини халқ ва паёмадҳои даргириҳои сиёсии он давра таваҷҷуҳ карда, таъсири ин рӯйдодҳоро ба зиндагии мардуми одӣ нишон медиҳад.

Дар ин силсила ҳунармандоне чун Маҳё Деҳқонӣ, Дориюш Фарҳанг, Ҳамид Гударзӣ, Нимо Нодирӣ ва Насрин Бобоӣ нақш офаридаанд.

«Ду Нимаи Моҳ» ҳар рӯз соати 17:00 ба вақти Теҳрон, соати 18:00 ба вақти Кобул ва 18:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи «Айфилм2» пахш мешавад.

نظر شما
ارسال نظر