نشرات زنده
فارسی English عربي
39
-
الف
+

Ғолибони синамоҷоизаи «Тоҷи Сомон» муайян шуданд

Шоҳҷоизаи сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми муштараки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон — «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид

19 октябр дар Душанбе маросими супоридани ҷоизаҳои сеюми Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» баргузор гардид. «Шоҳҷоиза» ба коргардонҳо Файзулло Файз ва Дилмурод Масаидов барои филми таърихии муштараки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон — «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим шуд.

Дар маросим намояндагони соҳаи синамо аз чанд кишвари минтақа ва меҳмонону дӯстдорони синамои тоҷик иштирок карданд. Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ гуфт, ки ҷоиза барои дастгирии синамои миллӣ, қадршиносии ҳунармандон ва муаррифии таъриху фарҳанги тоҷикон баргузор мешавад.

Аз ҷумлаи барандагони ҷоизаҳои дигар: Марям Исоева — ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе барои саҳм дар рушди кинематография; филми «Ансор ва Мубин» — беҳтарин филми дебют; «Нафас» — беҳтарин филми кӯтоҳ; «Хутали қадим» — беҳтарин филми ҳуҷҷатӣ; «Пайғом» — беҳтарин филми тасвирӣ; Амина Ҳафизова ва Пӯлод Нозимов — беҳтарин нақшҳои занона ва мардона. Абдулҳай Зокиров барои филми «Решаҳо» беҳтарин коргардон дониста шуд.

Ҷоизаи беҳтарин филми муштарак ба «Хуршеду Моҳ», беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда ба «Дузди офтоб» ва беҳтарин филми бадеӣ ба «Сабр» дода шуд. Филми «Пешво аз қалби мардум» дар бахши бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ғолиб омад.
Ба озмуни имсола беш аз 100 филми солҳои 2024–2026 пешниҳод шуда, барои иштирок 38 филм интихоб гардид. Дар доираи ҷоиза беш аз 50 чорабинӣ, аз ҷумла намоиши филмҳо, дарсҳои маҳорат ва вохӯриҳои эҷодӣ баргузор шуд. Ҷоиза дар доираи Барномаи рушди кинои Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027 ташкил гардид.

نظر شما
ارسال نظر
پربیننده ترین