Ба гузориши Айфилм2, пас аз аз даст додани сарвату обрӯ, Ҳишмат Фирдавс бояд зиндагии худро аз нав созад. Дар ҳамин ҳол, Ситоиш низ дар остонаи тағйироти тоза дар ҳаёти шахсӣ қарор дорад. Фасли сеюми сериали маъруфи «Ситоиш» аз имрӯз дар шабакаи Айфилм2 ба намоиш мебарояд.
Дар ин фасл Ҳишмат Фирдавс, ки Дориюш Арҷманд нақши ӯро иҷро мекунад, баъди шикастҳои пайдарпай талош мекунад, ки мавқеи пешинаашро барқарор созад. Дидори дубораи ӯ бо Ситоиш ва зиндагӣ дар хонаи наберааш Муҳаммад, бо вуҷуди наздик кардани аъзои оила, ихтилофҳои гузаштаро аз байн намебарад.
Ҳамзамон, Собир ба доми найрангҳои Парисимо меафтад. Ӯ бо фиреб дороиҳои Ҳишматро ба даст меорад ва зиндагии ин хонаводаро ба куллӣ тағйир медиҳад. Бозгаштани қобилияти сухан гуфтан ба Анис низ метавонад асрори пинҳон ва дасисаҳои Парисиморо ошкор созад.
Дар баробари ин рӯйдодҳо, Ситоиш бо марҳилаи нави ҳаёти эҳсосии худ рӯ ба рӯ мешавад ва бояд дар бораи ояндааш қарорҳои муҳим қабул кунад. Оё Ҳишмат метавонад обрӯву сарвати аздастрафтаашро барқарор кунад? Ва оё асрори пинҳоншуда зиндагии ин хонаводаро дигаргун месозад?
«Ситоиш 3» идомаи ниҳоии қиссаи пурфарозу нишеби як хонаводаро ба тасвир мекашад, ки дар он эътимод, хиёнат, асрори пинҳон ва оқибатҳои интихоби нодуруст сарнавишти қаҳрамонҳоро муайян мекунанд.
Ин сериалро Саъид Султонӣ коргардонӣ карда, Ормон Заринкуб таҳия ва Саъид Матлабӣ сенарияи онро навиштааст. Дар он ҳунармандони шинохта, аз ҷумла Дориюш Арҷманд, Наргис Муҳаммадӣ, Меҳдӣ Сулукӣ, Симо Тирандоз, Фарибо Нодирӣ, Маҳтоҷ Нуҷумӣ ва Фарҳод Ҷам нақш офаридаанд.
Фасли сеюми «Ситоиш» аз имрӯз, сешанбе, 20 октябр, ҳар рӯз соати 19:00 ба вақти Теҳрон, 20:00 ба вақти Кобул ва 20:30 ба вақти Душанбе дар шабакаи Айфилм2 намоиш дода мешавад.