نشرات زنده
فارسی English عربي
136
-
الف
+

Поёни фасли дуюми «Ситоиш»; хиёнат дар хонаводаи Фирдавс ба авҷи худ мерасад

Эътимоди Ҳишмати Фирдавс ба писараш боиси аз даст рафтани дороиҳояш мешавад; қисмати охирини фасли дуюми «Ситоиш» имшаб бо ошкор шудани хиёнатҳои оилавӣ пахш мегардад

Қисми охирини фасли дуюми сериали маъруфи «Ситоиш» имрӯз, 19 октябри соли 2026, дар шабакаи Айфилм2 пахш мешавад. Дар ин қисмат, хиёнати писар ва дасисаҳои Парисимо Ҳишмати Фирдавсро аз обрӯ ва дороии худ маҳрум мекунанд ва сарнавишти қаҳрамонҳоро ба куллӣ тағйир медиҳанд.

Дар фасли дуюм, Ситоиш пас аз 22 соли фирор бо насаби Рудборӣ дар шимоли Эрон зиндагӣ мекунад ва соҳиби ошхонаи маъруф аст. Ӯ гумон дорад, ки бо иваз кардани насаб ва ҳувияти худ метавонад фарзандонашро аз Ҳишмати Фирдавс дур нигоҳ дорад. Аммо вохӯрии тасодуфии Ҳишмат бо Муҳаммад, писари Ситоиш, боиси аз нав ба ҳам пайвастани сарнавишти ду хонавода мегардад.

Дар қисмати ниҳоӣ маълум мешавад, ки Собир, писари Ҳишмат, бо истифода аз ваколатнома ва ҳамдастӣ бо Парисимо дороиҳои падарро ба даст овардааст. Ҳишмат, ки мехост барои дастгирии Муҳаммад як қисми дороии худро ба ӯ диҳад, аз хиёнати писараш сахт зарба мебинад. Парисимо низ бо мақсади интиқом ба хонаи ӯ рафта, чеҳраи воқеии худро ошкор мекунад. Ҳишмат маҷбур мешавад ҳамроҳи Муҳаммад хонаро тарк кунад.

Сериали «Ситоиш 2» бо коргардонии Саид Султонӣ ва нависандагии Саид Матлабӣ таҳия шудааст. Дориюш Арҷманд, Нургис Муҳаммадӣ, Маҳдӣ Сулукӣ, Симо Тирандоз ва Фарибо Нодирӣ аз ҳунармандони ин сериал мебошанд.

Қисмати охирини фасли дуюми «Ситоиш» имрӯз соати 20:30 ба вақти Душанбе дар шабакаи Айфилм2 пахш мешавад. Аз рӯзи 20 октябр, фасли сеюми сериал ҷойи онро мегирад ва тамошобинон метавонанд идомаи саргузашти Ҳишмат Фирдавс ва дигар қаҳрамонҳоро пайгирӣ кунанд.
 

نظر شما
ارسال نظر