نشرات زنده
فارسی English عربي
20
-
الف
+

Сафари пурмоҷарои «Маҳёр Айёр» аз имшаб оғоз мешавад

Як роҳзан, як дор ва фурсати дубора барои зиндагӣ; «Маҳёр Айёр» қиссаи дигаргун шудани мардеро бозгӯ мекунад, ки аз роҳи роҳзанӣ ба роҳи ҷавонмардӣ мерасад

Роҳзане, ки дар остонаи марг фурсати дигаре барои зиндагӣ пайдо мекунад, ин бор дар кӯчаҳои Исфаҳони давраи Сафавиён қадам мегузорад. Серияли таърихӣ, ошиқона ва моҷароҷӯёнаи «Маҳёр Айёр» аз имрӯз дар шабакаи Айфилм2 намоиш дода мешавад.

Драмаи «Маҳёр Айёр», ки бо коргардонии Сайид Ҷамол Сайидҳотамӣ таҳия шудааст, тамошобинро ба саҳифаҳои таърих мебарад; ба даврае, ки шаҳрҳои Язд ва Исфаҳон, бахусус маҳаллаи таърихии Дардашт, ба саҳнаи асосии рӯйдодҳои қисса табдил меёбанд. Филмномаро Муҳаммадризо Муҳаммадии Никӯ навиштааст.

Қиссаи асосии сериял дар бораи мардест, ки як рӯйдоди ғайричашмдошт роҳи зиндагии ӯро дигар мекунад. Маҳёр Айёр, ки то он замон ба роҳзанӣ машғул буд, тадриҷан бо маънои ҷавонмардӣ ва ёрӣ ба мардум ошно мешавад ва роҳи зиндагии худро тағйир медиҳад.

Як хоҳиш дар остонаи марг

Ҳама чиз аз Маҳёр Айёр, роҳзане бо решаҳои исфаҳонӣ, оғоз мешавад. Ӯ дар шаҳри Язд дастгир шуда, ба дор овехтан маҳкум шудааст. Дар лаҳзаҳои охири зиндагӣ танҳо як хоҳиш дорад: мехоҳад пеш аз марг модарашро дар Исфаҳон бубинад.

Доруға ин хоҳишро баҳонае барои фирор медонад, аммо миёнаравии як тоҷири яздӣ ба Маҳёр Айёр имкони дидани модарашро фароҳам меорад.

Ҳамин рӯйдод оғози дигаргунии қаҳрамони асосӣ мешавад. Маҳёр Айёр, ки то он вақт зиндагии худро бо роҳзанӣ мегузаронд, тадриҷан бо мафҳуми ҷавонмардӣ ва ёрӣ ба дигарон ошно мешавад. Пас аз бозгашт ба Исфаҳон, ӯ аз зиракӣ ва маҳорати пешинаи худ барои ҳал кардани мушкилоти мардум истифода мебарад.

Дар идома саргузаштҳои Маҳёр Айёр бо зиндагии сокинони маҳаллаи Дардашт, доруға ва дигар чеҳраҳои шаҳри Исфаҳон пайванд мехӯрад. Ҳар қисмати сериял ҳодисаи наверо аз роҳи тағйири зиндагии ӯ ба тамошобин пешкаш мекунад.

Исфаҳони давраи Сафавиён дар маркази қисса

Яке аз вижагиҳои «Маҳёр Айёр» таваҷҷуҳи зиёд ба бозсозии фазои таърихӣ мебошад. Барои истеҳсоли сериял тақрибан 120 макон барои бозсозии саҳнаҳои гуногуни қисса омода карда шудааст ва наздик ба 260 ҳунарпеша дар бахшҳои мухталифи он нақш офаридаанд.

Бахше аз наворбардории сериял дар шаҳраки синамо ва телевизиони Эрон ва чанд макони дигар анҷом ёфтааст.

Фазои таърихии сериял метавонад барои тамошобинони Тоҷикистон ва Афғонистон низ ҷолиб бошад, зеро қисса дар заминаи як давраи муҳими таърихию фарҳангии минтақа сурат мегирад. Дар баробари саргузашти Маҳёр Айёр, тамошобин бо зиндагии шаҳрӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ ва фазои Исфаҳони он давра низ ошно мешавад.

Ҳузури чеҳраҳои шинохта

Нақши Маҳёр Айёррро Комрон Тафтӣ иҷро мекунад. Матин Сутуда дар нақши Хотун, Беҳном Ташаккур дар нақши калонтари маҳаллаи Дардашт ва Сиёмак Сафарӣ дар нақши доруға ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ошо Меҳробӣ, Сафо Оғоҷонӣ, Ромин Носирнасир, Оташ Тақипур, Ҷавод Инсофӣ, Сирус Ҳиммтаӣ ва Беҳрод Хазоӣ аз дигар ҳунарпешагони ин сериял мебошанд.

Серияли «Маҳёр Айёр» аз имрӯз — чоршанбе, 30 сентябр соли 2026— ҳар шаб, ба ҷуз панҷшанбе, соати 21:00 ба вақти Теҳрон, 22:00 ба вақти Кобул ва 22:30 ба вақти Душанбе дар Айфилм2 намоиш дода мешавад.

نظر شما
ارسال نظر