نشرات زنده
فارسی English عربي
19
-
الف
+

Тоҷи Сомон дастовардҳои синамои тоҷикро муаррифӣ мекунад

Сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» аз 15 то 20 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар озмун қариб 100 филми солҳои 2024–2025 барои дарёфти ҷоиза рақобат мекунанд

Сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» таҳти унвони «Қадршиносии ҳунари асил» аз 15 то 20 октябр ба муносибати Рӯзи кинои тоҷик, 16 октябр, дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Ин чорабинии синамоӣ ба муаррифии фарҳанг ва санъати миллии тоҷик, тарғиби дастовардҳои муҳими даврони Истиқлоли давлатӣ, рушди синамои миллӣ ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон равона шудааст.

Тибқи иттилои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», дар доираи синамоҷоиза қариб 100 филми бадеӣ, кӯтоҳмуддат ва асарҳои истеҳсоли муштарак, ки солҳои 2024–2025 офарида шудаанд, барои иштирок дар бахшҳои гуногуни озмун пешниҳод гардидаанд.

Ҳайати ҳакамон баррасӣ ва арзёбии филмҳои пешниҳодшударо оғоз намуда, асарҳои арзандаи синамоӣ ва беҳтарин филмҳоро барои марҳилаи ниҳоии озмун муайян мекунад. Ба ҳайати ҳакамон мутахассисони соҳаи кино, коргардонҳо, филмноманависон, наворбардорон ва муҳаққиқони синамо шомил мебошанд.

Ҳангоми арзёбии асарҳо сатҳи касбии коргардонӣ, мазмуну муҳтаво, сенария, ҳунари актёрӣ, наворбардорӣ, ҳалли бадеӣ ва дигар ҷанбаҳои эҷодии филмҳо ба назар гирифта мешаванд.

Баргузории «Тоҷи Сомон» инчунин ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи кино, рушди ҳамкориҳои эҷодӣ ва муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти сулҳпарвару фарҳангии мамлакат ва маркази муҳими муколамаи тамаддунҳо равона шудааст.

Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» дар доираи татбиқи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027» баргузор шуда, ба муаррифии беҳтарин дастовардҳои синамои тоҷик ва ҳифзу густариши арзишҳои фарҳангию маънавии мардум мусоидат менамояд.

نظر شما
ارسال نظر