نشرات زنده
فارسی English عربي
109
-
الف
+

Бозгашти Ситоиш бо қиссаи нав; «Милитсия 11» низ ба экран меояд

Ситоиш 2 ва «Милитсия 11» аз панҷшанбе ва ҷумъаи ин ҳафта бо ду фазои гуногуни оилавӣ ва иҷтимоӣ меҳмони хонаҳои тамошобинони АйФилм2 мешаванд

Охири ҳафтаи АйФилм2 бо ду фазои гуногун ҳамроҳ мешавад. Фасли дуюми серияли «Ситоиш» бо қиссаи оилавӣ ва пуртазод аз рӯзи панҷшанбе ба намоиш мерасад ва «Милитсия 11» аз рӯзи ҷумъа саргузаштҳои як шуъбаи пулис ва мушкилоти иҷтимоии сокинони як шаҳри тахайюлиро пайгирӣ мекунад.

Фасли дуюми серияли «Ситоиш» бо коргардонии Саьид Султонӣ ва истеҳсоли соли 2013 аст. Қиссаи ин фасл 22 сол пас аз рӯйдодҳои фасли аввал оғоз мешавад ва қаҳрамонҳои асосиро дар марҳалаи нави зиндагӣ қарор медиҳад.

Дар ин фасл Ситоиш бо ду фарзандаш бо насаби «Рӯдборӣ» зиндагӣ мекунад ва пас аз солҳои дурӣ аз гузашта, дар шаҳри Ромсар соҳиби ошхона шудааст. Ӯ гумон мекунад, ки тағйири ҳувият тавонистааст оилаи ӯро аз гузаштаи пурмоҷаро дур нигоҳ дорад; аммо бозгашти Ҳишмат Фирдавс бори дигар зиндагии ӯ ва фарзандонашро ба марҳалаи пуртаниш ворид мекунад.

Рӯ ба рӯ шудани дубораи Ситоиш ва Ҳишмат Фирдавс аз меҳварҳои асосии фасли дуюм аст. Бо ин фарқ, ки қисса дар баробари муносибатҳои оилавӣ, паёмадҳои қарорҳо ва тағйири ҷойгоҳи қаҳрамонҳо дар тӯли солҳоро низ пайгирӣ мекунад. Дар ин фасл ҳунармандоне чун Дориюш Арҷманд, Наргис Муҳаммадӣ, Меҳдӣ Сулукӣ, Симо Тирандоз, Ҳадис Мираминӣ, Амирмуҳаммад Занд, Ромсин Кибритӣ ва Фарибо Нодирӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.

Аммо аз рӯзи ҷумъа фазои АйФилм2 аз муносибатҳои оилавӣ ба ҷаҳони парвандаҳои пулис ва мушкилоти иҷтимоӣ мегузарад. Серияли «Милитсия 11» дар шаҳри тахайюлии «Чаҳорруд» сурат мегирад; шаҳре, ки майор Ҳасан Ҷаҳонӣ пас аз солҳои зиёд ба зодгоҳаш бармегардад ва фармондеҳии ягона маркази пулиси шаҳрро ба уҳда мегирад.

Қиссаҳои ин сериял танҳо ба рӯйдодҳои ҷиноӣ маҳдуд намешаванд ва мавзӯъҳое чун камбуди об, мушкилоти муҳити зист, сохтмонҳои ғайриқонунӣ, бехатарии конҳо ва дигар чолишҳои ҳаёти иҷтимоиро низ фаро мегиранд. Сохтори сериял аз қиссаҳои эпизодӣ ва як риштаи ягонаи давомдор иборат аст ва дар истеҳсоли он тақрибан 200 ҳунарманд иштирок кардаанд. Коргардонии онро Муҳаммад Исфандиёрӣ ва Амин Шуҷоӣ, таҳиягарии онро Муҷтабо Хаёти Эҳсонӣ ва Ҳошим Масъудӣ ба уҳда доштаанд.

«Ситоиш 2» аз рӯзи панҷшанбе, 24 Сентябр, ҳамарӯза соати 19:00 ба вақти Теҳрон, 20:00 ба вақти Кобул ва 20:30 ба вақти Душанбе аз АйФилм2 намоиш дода мешавад.

«Милитсия 11» низ аз рӯзи ҷумъа, 25 Сентябр, соати 17:00 ба вақти Теҳрон, 18:00 ба вақти Кобул ва 18:30 ба вақти Душанбе аз АйФилм2 ба эфир мебарояд.

نظر شما
ارسال نظر