نشرات زنده
فارسی English عربي
54
-
الف
+

Серияли «Ороишгоҳи зебо»; мазҳакаи хотирмон ба зудӣ дар iFilm 2

Серияли «Ороишгоҳи зебо» бо қиссаи марди муҷаррад ва хостгориҳои пайдарпайи ӯ ба зудӣ меҳмони тамошобинони iFilm 2 мешавад

Бо ба охир расидани пахши қисматҳои ниҳоии серияли «Алалбадал», як серияли хотирмон ва мазҳакавӣ ҷойи онро дар ҷадвали пахши iFilm2 мегирад. Серияли «Ороишгоҳи зебо» бо коргардонии Марзия Буруманд аз рӯзи душанбеи 21-уми Сентябр ба хонаи тамошобинони шабакаи iFilm2 меояд.

«Ороишгоҳи зебо» яке аз сериялҳои маъруфи телевизионии Эрон дар даҳаи 1980-и мелодӣ ба шумор меравад, ки солҳои 1990 ва 1991-и мелодӣ сохта шудааст. Сериял бо такя ба ҳолатҳои мазҳакавӣ ва достони сода, вале ҷолиб, зиндагии «Асади Хуморлу» — марди миёнасол ва муҷарради сартарошеро ба тасвир мекашад; марде, ки издивоҷ накарданаш ба ташвиши аҳли хонавода ва дӯстонаш табдил шудааст.

Ҳангоме ки дӯстону шиносони Асад пайи ҳам духтаронеро барои издивоҷ ба ӯ пешниҳод мекунанд, саргузашти ӯ ранги мазҳакавии бештар мегирад. Асад низ ҳамроҳи модару хоҳараш ба хостгориҳои гуногун меравад, аммо ҳеҷ кадоме аз онҳо ба натиҷа намерасад. То вақте ки ошноии наве масири зиндагии ӯро дигаргун мекунад.

Ҳузури як қатор ҳунармандони маъруфи телевизиони Эрон, аз ҷумла Ризо Бобак, Муртазо Аҳмадӣ, Фотима Муътамидориё, Ҳасан Пуршерозӣ ва Баҳром Шоҳмуҳаммадлу, аз вижагиҳои ин силсилафилм аст. Ҳунарнамоии ин чеҳраҳо дар баробари коргардонии Марзия Буруманд ба «Ороишгоҳи зебо» фазои хос ва хотирмон бахшидааст.

Акнун, пас аз гузашти чанд даҳсола, ин сериял бори дигар фурсати тамошои як мазҳакаи хонаводаӣ ва зинда кардани бахше аз хотираҳои телевизионии наслҳои гузаштаро фароҳам мекунад; серияле, ки муносибатҳои хонаводагӣ, расму оини хостгорӣ ва ташвишҳои марбут ба издивоҷро бо забони мазҳака ба тасвир мекашад.

Бар ин асос, серияли «Ороишгоҳи зебо» аз рӯзи душанбе 21-уми Сентябр 2026, ҳар рӯз соати 16:00 ба вақти Теҳрон, 17:00 ба вақти Кобул ва 17:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи iFilm2 пахш мешавад.

نظر شما
ارسال نظر