نشرات زنده
فارسی English عربي
17
-
الف
+

Душанбе дар оинаи Айфилм2;қиссаи тасвирии пойтахти Тоҷикистон дар арафаи 35-солагии истиқлол

Душанбе дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон фазои идона дорад, ки дар гузориши тасвирии Айфилм2 инъикос ёфтааст

Душанбе барои мардуми Тоҷикистон танҳо пойтахти кишвар нест. Ин шаҳр яке аз муҳимтарин марказҳои фарҳангиву иҷтимоии Тоҷикистон аст; шаҳре, ки дар кӯчаҳову хиёбонҳои он забони тоҷикӣ садо медиҳад ва шеъру адаб, фарҳанг ва хотираи таърихӣ бахше аз ҳувияти онро ташкил медиҳанд.

Пойтахти Тоҷикистон дар солҳои охир симои наву муосир касб кардааст. Хиёбонҳои васеъ, майдонҳои зебо, биноҳои бошукӯҳ, боғҳову гулгаштҳо дар баробари зиндагии рӯзмарраи сокинон, чеҳраи имрӯзаи Душанберо ба намоиш мегузоранд.

Ин рӯзҳо, ҳамзамон бо 9 сентябр, Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии истиқлоли кишвар, Душанбе фазои хоссаи идона дорад. Парчамҳои давлатӣ ва рамзҳои миллӣ дар гӯшаҳои гуногуни шаҳр ба назар мерасанд. Ин ҷашн барои мардуми Тоҷикистон рамзи соҳибистиқлолӣ, худшиносии миллӣ ва оғози марҳилаи нави таърихи кишвар мебошад.

Аммо Душанбе танҳо бо симои муосираш шинохта намешавад. Дар паси ин шаҳр таъриху фарҳанги пурғановате қарор дорад, ки бо мероси тоҷикон ва фарҳанги бузурги форсизабонон пайванди ногусастанӣ дорад. Шеъру адаб, мусиқӣ, ҳунарҳои мардумӣ, расму ойин ва суннатҳои миллӣ то имрӯз дар зиндагии мардум ҷойгоҳи хоси худро нигоҳ доштаанд.

Имрӯз Душанбе дар пайванди гузашта ва имрӯз қарор дорад; шаҳре, ки ҳам ба сӯи оянда қадам мегузорад ва ҳам ба забон, фарҳанг, таърих ва мероси миллии худ такя мекунад.

Дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хабарнигори Айфилм2 ба кӯчаҳои Душанбе рафтааст, то фазои идонаи пойтахт, омодагиҳои мардум ва гӯшаҳое аз зиндагии имрӯзии шаҳрро ба тамошобинон нишон диҳад.

Истиқлол барои ҳар як миллат рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва ифтихори миллӣ аст. Бигзор Тоҷикистони азиз ҳамеша ободу осуда, соҳибистиқлол ва сарбаланд бошад.
Шабакаи ҷаҳонии Айфилм2 ин ҷашни фархунда ва рӯзи пурифтихорро ба мардуми Тоҷикистон ва ҳамаи ҳамзабонони тоҷик самимона табрик мегӯяд.

Акнун шуморо ба тамошои ин гузориши видеоӣ даъват мекунем; саёҳате ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, дар рӯзҳои ҷашни истиқлол.

نظر شما
ارسال نظر