نشرات زنده
فارسی English عربي
65
-
الف
+

Чиҳилсутун: ганҷинаи таърихии Кобул дубора меҳмононро интизор аст

Қасри Чиҳилсутуни Кобул фаротар аз як ёдгории таърихии Афғонистон, бахше аз мероси муштараки фарҳангии форсизабонони минтақа ба шумор меравад

Ба гузориши Айфилм2, қасри «Чиҳилсутун»-и Кобул соли 1796, дар замони подшоҳии Шоҳзамон сохта шудааст. Бинои нахустини он баъдан хароб шуд ва дар давраи ҳукмронии Абдурраҳмонхон аз нав бунёд гардид. Ин қаср бо номҳои «Ҷаҳоннамо» ва «Ҳиндекӣ» низ маъруф будааст.


Ҳабибуллохон ва баъдан Зоҳиршоҳ қасрро густариш дода, онро ба бинои чаҳорқабата табдил доданд. Қаср дорои ду боғ, дохилӣ ва берунӣ буд ва масоҳати боғи берунии он тақрибан 30 гектарро ташкил медод.


Чиҳилсутун дар гузашта яке аз қасрҳои муҳимми Кобул ба шумор мерафт. Он ҳамчун меҳмонхонаи давлатӣ барои истиқболи меҳмонони баландпояи хориҷӣ истифода мешуд ва макони мулоқоти подшоҳони Афғонистон бо сарони кишварҳои дигар буд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Созишномаи Дюранд дар ҳамин қаср ба имзо расидааст.
Қаср бар фарози як теппаи сангӣ сохта шуда, аз айвони он манзараи васеи шаҳри Кобул, аз ҷумла Қасри Доруломон, намоён буд. Дар канори қаср ошхона, ҳаммом ва ташноб низ ҷой дошт.


Дар солҳои ҷанг қаср сахт осеб дид ва ба хароба табдил шуд. Аммо пас аз тақрибан ду даҳсола, қаср ҳамроҳ бо боғи он бозсозӣ гардид ва барои қабули боздидкунандагон омода шуд. Дар ҷараёни бозсозӣ кӯшиш шудааст, ки қисматҳои таърихии боқимондаи он ҳифз карда шаванд.


Дар боғи Чиҳилсутун дарахтони санавбар, туту бед ва гулҳои садбарг ба чашм мерасанд. Ин минтақа ҳамчунин дорои як қатор ёдгориҳо ва мавзеъҳои қадимии шаҳри Кобул мебошад. Саргузашти ин қаср аз шукуҳ то вайрониҳои пайдарпай бозтобе аз давраи ҷангҳо ва бозсозист, ки бисёре аз ёдгориҳои таърихии минтақаи мо, аз Кобул то Самарқанду Бухоро, онро аз сар гузаронидаанд.

Қасри Чиҳилсутуни Кобул имрӯз дигар он қасри пуршукӯҳи даврони шоҳӣ нест; балки рамзи устуворӣ ва тобоварии як миллат дар баробари мавҷҳои пайдарпайи ҷанг ва вайронӣ мебошад. Харобаҳои ин бино, дар канори боғи бозсозишудааш, ки имрӯз мизбони бозиҳои кӯдакон ва истироҳати пиронсолон аст, қиссаеро баён мекунанд, ки барои ҳар форсизабони минтақа ошност: қиссаи меросе, ки бо вуҷуди ҳамаи осебҳо, ҳаргиз комилан аз ёдҳо намеравад.

نظر شما
ارسال نظر