نشرات زنده
فارسی English عربي
14
-
الف
+

Ривояти муштараки ҳунари Эрон ва Тоҷикистон дар намоишгоҳи сеченакаи Як мерос, ду сарзамин

Намоишгоҳи маҷозии «Як мерос, ду сарзамин» осори барҷастаи ҳунарҳои суннатии Эрон ва Тоҷикистонро ба шакли сеъбуъдӣ (3D) муаррифӣ мекунад

Ба гузориши iFilm2 ба нақл аз хабаргузории «Ховар», намоишгоҳи маҷозии муштараки Эрон ва Тоҷикистон таҳти унвони «Як мерос, ду сарзамин» рӯзи 25 августи соли 2026 (3-юми Сунбулаи соли 1405) ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Ин рӯйдод дар доираи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва байналмилалии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Маҷмааи мероси ҷаҳонии Кохи Гулистони Эрон баргузор шуд.

Дар намоишгоҳ як қатор намунаҳои барҷастаи ҳунарҳои суннатии ду кишвар ба таври маҷозӣ муаррифӣ мешаванд. Бахши Тоҷикистон ба ҳунари кундалнигорӣ бахшида шуда, беш аз 25 асар аз маҷмӯаи Осорхонаи миллии ин кишвар ба намоиш гузошта шуд. Ин осор дар давраҳои гуногун аз ҷониби як қатор ҳунармандони маъруфи тоҷик офарида шуда, бо тасвирҳои босифат дар фазои намоишгоҳи маҷозӣ барои дӯстдорони фарҳанг дастрас мебошад.

Кундалнигорӣ яке аз ҳунарҳои суннатӣ ва қадимаи Тоҷикистон ба шумор меравад, ки пайдоиш ва рушди он ба асрҳои XV ва XVI мелодӣ нисбат дода мешавад. Дар ин навъи ҳунар аз нақшҳои наботӣ, ҳандасӣ, ислимӣ ва ҳайвонотӣ истифода мешавад. Рангҳои кабуд, осмонӣ ва тиллоӣ низ аз унсурҳои маъмули ин осор ба ҳисоб мераванд.

Дар бахши марбут ба Эрон намунаҳое аз кошиҳкории Кохи Гулистон низ ба намоиш гузошта шуд. Кошиҳои ҳафтранг, муаррақ ва маъқалии ин маҷмаа дар баробари арзиши зебоишинохтӣ, бахше аз таҳаввулоти ҳунарӣ, иҷтимоӣ ва таърихии Эрон дар давраи Қоҷорро бозтоб медиҳанд. Нақшҳои гулу бутта, тасвирҳои дарборӣ ва дигар унсурҳои ороишии ин осор пайванди суннатҳои деринаи ҳунари эронӣ бо равандҳои нави рушди санъати он давраро нишон медиҳанд.

Ин намоишгоҳ ба шакли сеъбуъдӣ (3D) дар сомонаи вижаи Кохи Гулистон пешниҳод шуда, барои муддати як моҳ имкони боздиди маҷозӣ аз он барои дӯстдорони фарҳанг ва ҳунари Эрон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо фароҳам хоҳад буд.

Баргузории «Як мерос, ду сарзамин» як иқдоми фарҳангӣ барои муаррифии мероси ҳунарии ду кишвар ва таҳкими робитаҳои фарҳангии Эрону Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин рӯйдод ҳамзамон аҳамияти густариши ҳамкориҳои байналмилалиро дар самти ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангӣ таъкид мекунад

نظر شما
ارسال نظر