نشرات زنده
فارسی English عربي
48
-
الف
+

Ҳунармандони бузурги ҳаҷви Эрон бо силсилафилми «Алалбадал» ба Айфилм2 меоянд

Сериали «Алалбадал» дар бораи ихтилофҳои деринаи ду қабила дар як деҳаи кӯҳистонӣ қисса мекунад; ихтилофҳое, ки бо расидани хабари сафари Президенти кишвар шакли нав мегиранд

Бо наздик шудани қисматҳои охирини сериали  «Занбобо», шабакаи Айфилм2 барои идомаи барномаи пахши худ як силсилафилми ҳаҷвию иҷтимоиро интихоб кардааст. Силсилафилми «Алалбадал» бо коргардонии Сируси Муқаддам ба зудӣ аз ин шабака пахш мешавад.

Қиссаи силсилафилм дар деҳаи таърихие бо номи «Чашмаи Қул-қул» мегузарад. Дар ин деҳа ду қабила бо номҳои «Обёрӣҳо» ва «Обнорӣҳо» паҳлуи ҳам зиндагӣ мекунанд, аммо ихтилофҳои деринаи миёни онҳо садди роҳи пешрафти деҳа шудааст.

Сокинони деҳа барои баррасии мушкилот ва идораи корҳои он ҷаласа ташкил мекунанд. Аммо дар миёни аъзои маҷлис шахсе бо номи «Алалбадал» низ ҳаст; ӯ дар ҷаласаҳои шӯро ҳузур дорад ва аз бисёр воқеаҳо огоҳ мешавад, аммо ҳаққи овоздиҳӣ надорад. Маҳз аз ҳамин вазъият бахши муҳими лаҳзаҳои ҳаҷвӣ ва низоъҳои қисса шакл мегирад.

Вақте хабар мерасад, ки Президенти кишвар ба деҳа сафар мекунад, воқеаҳо боз ҳам печидатар мешаванд. Ин хабар фазои «Чашмаи Қул-қул»-ро комилан дигаргун карда, боиси авҷ гирифтани ихтилофҳои кӯҳна, рақобатҳо ва талоши сокинон барои идора кардани вазъ мегардад ва ҳолатҳои зиёди ҳаҷвиро ба вуҷуд меорад.

Дар ин силсилафилм ҳунармандоне чун Меҳдӣ Ҳошимӣ, Меҳдӣ Фахимзода, Муҳсин Танобанда, Аҳмад Меҳронфар, Ҳусайн Муҳибаҳарӣ, Ҳодӣ Козимӣ, Ҳуман Ҳоҷӣ-Абдуллоҳӣ, Маҳмуди Ҷаъфарӣ, Иззатуллоҳи Рамазонфар, Баҳром Афшорӣ, Фурӯғ Қаҷобаглӣ ва Орзӯ Набуват ҳунарнамоӣ мекунанд.

«Алалбадал» бо такя ба ихтилофҳои хонаводагӣ ва иҷтимоӣ, рақобат барои ба даст овардани нуфуз ва идораи корҳои деҳа, фазои пур аз лаҳзаҳои ҳаҷвиро ба вуҷуд меорад, ки барои тамошобинони форсизабон низ фаҳмо ва ҷолиб аст.

Силсилафилми «Алалбадал» аз шанбе, 5-уми Сентябр соли 2026, соати 16:00 ба вақти Теҳрон، 17:00 ба вақти Кобул ва 17:30 ба вақти Душанбе, аз шабакаи Айфилм2 пахш мешавад.

نظر شما
ارسال نظر