Шоми панҷшанбе ду сериал аз ҷадвали пахши ifilm2 ба поён мерасанд; аммо ҷойи холии онҳо муддати зиёд боқӣ намемонад. Аз рӯзи ҷумъа ду сериали ҳаҷвӣ ва мазҳакавӣ меоянд, то фазои тамошои бинандагонро тағйир диҳанд; яке бо саргузаштҳои ду оила ва дигаре бо моҷароҳои оилаи «Нақии Маъмулӣ».
Видоъи охирин бо «Расми ошиқӣ»
«Расми ошиқӣ» рӯзи панҷшанбе бо пахши қисмати охирин меҳмони хонаҳои бинандагони ifilm2 хоҳад буд. Ин қисмат соати 18:00 ба вақти Теҳрон, 19:00 ба вақти Кобул ва 19:30 ба вақти Душанбеи Тоҷикистон пахш мешавад.
Бо анҷоми ин сериал, аз рӯзи ҷумъа ҷойи онро «Шамьдонӣ» мегирад; сериале, ки қарор нест фазои ҷиддӣ ва ошиқонаи қаблиро идома диҳад ва аз ибтидо бо қиссаи хонаводагӣ ва ҳаҷвӣ ба ин соат фазои дигар мебахшад.
Вақте «Шамьдонӣ» вориди хона мешавад
«Шамьдонӣ» бо коргардонии Суруш Сиҳҳат, зиндагии ду оила бо номҳои «Мозаффарӣ» ва «Саъодатӣ»-ро пайгирӣ мекунад; ду оилае, ки муносибатҳои миёни аъзои онҳо заминаи нақли бисёре аз масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шудааст.
Дар ин сериал мушкилот ва ихтилофҳои хонаводагӣ ҳамеша он қадар ҷиддӣ пеш намераванд, ки кас натавонад ба онҳо бихандад! Моҷароҳои аъзои ин ду оила, аз нофаҳмиҳо ва ихтилофҳо гирифта то рӯйдодҳои рӯзмарра, қиссаеро месозанд, ки ҳаҷви он аз дили зиндагии одӣ берун меояд.
Ба ин тартиб, агар шоми панҷшанбе бо «Расми ошиқӣ» видоъ мекунем, аз рӯзи ҷумъа бояд мунтазири оилаҳое бошем, ки эҳтимолан сару садояшон аз қиссаҳои ошиқона камтар нест; танҳо ин бор ханда ҳам ширинии қазия аст.
Анҷоми «Тӯбо» ва оғози достони оилаи пурмоҷарои «Маъмулӣ»
Дар идомаи тағйирот, шоми панҷшанбе навбати қисмати охирини «Тӯбо» мерасад. Ин қисмат соати 20:00 ба вақти Теҳрон, 21:00 ба вақти Кобул ва 21:30 ба вақти Душанбеи Тоҷикистон аз ifilm2 пахш хоҳад шуд.
Аммо аз рӯзи ҷумъа ҷойи «Тӯбо»-ро сериале мегирад, ки яке аз маъруфтарин оилаҳои телевизиониро ба хонаҳои бинандагон меорад: «Пойтахт 1».
Аз «Тӯбо» то «Пойтахт»; тағйири масир бо мазҳака
Мавсими аввали «Пойтахт» достони оилаи «Маъмулӣ»-ро нақл мекунад, ки пеш аз Соли нав тасмим мегиранд ба Теҳрон кӯчанд; аммо ворид шудан ба пойтахт барои ин оила он қадар ҳам осон нест ва мушкилоту рӯйдодҳои гуногун барои онҳо моҷароҳои хандаовареро ба вуҷуд меоранд.
«Нақии Маъмулӣ» ва оилааш қарор нест танҳо як сафари одӣ ба Теҳрон дошта бошанд. Аз ҳамон оғоз, мушкилот пай дар пай дар роҳашон қарор мегиранд ва ҳамин дардисарҳо асоси мазҳакаи «Пойтахт 1»-ро ташкил медиҳанд.
Ҳоло бо анҷоми «Тӯбо», ин оилаи пурмоҷаро ба ҷадвали пахши ifilm2 ворид мешавад, то тағйири дуюми шоми ҷумъа низ рангу бӯи ҳаҷвӣ пайдо кунад.
Панҷшанбе видоъ, ҷумъа ханда
Ба ин тартиб, панҷшанбе барои ду сериал анҷоми як роҳ ва ҷумъа оғози ду қиссаи тоза аст.
«Расми ошиқӣ» ҷойи худро ба «Шамьдонӣ» медиҳад ва «Тӯбо» низ ҷойи худро ба «Пойтахт 1» хоҳад супурд.
Ду видоъ дар як шаб ва ду оғози тоза дар шаби баъдӣ; бо ин фарқ, ки аз рӯзи ҷумъа, агар яке аз қаҳрамонҳои «Шамьдонӣ» ё оилаи «Маъмулӣ» ба дардисари наве гирифтор шавад, бинанда ҳадди ақал метавонад ба он бихандад!