Шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, муҳимтарин маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии ин кишвар ба шумор меравад. Ин шаҳр барои бисёре аз сайёҳони хориҷӣ аввалин мақсади сафар ба Тоҷикистон аст ва аз ҳамин рӯ, дар муаррифии фарҳанг, таърих ва тарзи зиндагии мардуми ин кишвар нақши муҳим дорад.

Душанбе дар солҳои охир чеҳраи муосир ба худ гирифтааст, аммо дар баробари биноҳои нав, кӯчаҳои васеъ ва марказҳои тиҷоратӣ ва фароғатӣ, кӯшиш шудааст, ки нишонаҳои таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон низ ҳифз ва муаррифӣ шаванд. Омезиши меъмории муосир бо унсурҳои меъмории суннатӣ яке аз вижагиҳои қобили таваҷҷуҳи пойтахти Тоҷикистон мебошад.

Яке аз муҳимтарин мавзеъҳои ҷолиби шаҳр Кохи «Наврӯз» аст; бинои бошукӯҳе, ки дар меъмории он аз нақшу нигор, ороишот ва унсурҳои ҳунари миллии тоҷикӣ истифода шудааст. Ин маҷмаа бо илҳом аз мероси фарҳангӣ ва ҳунарии мардуми тоҷик сохта шуда, яке аз рамзҳои сайёҳии муосири Душанбе ба ҳисоб меравад.

Парчами миллии Тоҷикистон низ аз дигар рамзҳои шинохташудаи шаҳр аст. Парчами 165-метрии Душанбе, ки соли 2011 ҳамчун баландтарин сутуни парчам дар ҷаҳон дар Китоби рекордҳои Гиннес ба қайд гирифта шуда буд, низ дар яке аз нуқтаҳои барҷастаи пойтахт ҷойгир гардида, ба яке аз мавзеъҳои мавриди таваҷҷуҳи сайёҳон табдил ёфтааст.

Душанбе инчунин шаҳри муносиб барои сайёҳии фарҳангӣ мебошад. Осорхонаҳо, китобхонаҳо, театрҳо, қасрҳои фарҳанг, боғҳо ва биноҳои таърихӣ имкони ошноии сайёҳонро бо таърих ва тамаддуни Тоҷикистон фароҳам мекунанд. Бозорҳо ва мағозаҳои ҳунарҳои дастӣ низ имконият медиҳанд, ки маҳсулоти суннатӣ ва ҳунарии кишварро мушоҳида ва харидорӣ кунанд.

Тарабхонаҳо ва чойхонаҳои суннатии шаҳр низ бахши муҳими таҷрибаи сайёҳонро ташкил медиҳанд. Дар ин ҷойҳо метавон таомҳои миллии Тоҷикистонро таҷриба кард ва бо фарҳанги меҳмоннавозии мардуми ин кишвар аз наздик ошно шуд.
Душанбе бар иловаи мавзеъҳои ҷолиби шаҳрӣ, ба далели мавқеи ҷуғрофии худ метавонад нуқтаи оғози сафар ба бисёре аз минтақаҳои табиии Тоҷикистон бошад. Сайёҳоне, ки қасди сафар ба Бадахшон, водии Рашт, Варзоб, Ромит, Зарафшон ва дигар минтақаҳои кишварро доранд, одатан аз пойтахт убур мекунанд.

Ба ҳамин далел, Душанберо метавон на танҳо як мақсади сайёҳӣ, балки дарвозае барои кашфи табиат, таърих ва фарҳанги Тоҷикистон донист. Рушди меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, марказҳои фароғатӣ ва зерсохторҳои нақлиётӣ низ ҷойгоҳи ин шаҳрро дар саноати сайёҳии кишвар тақвият бахшидааст.
Душанбе имрӯз симои Тоҷикистони навро муаррифӣ мекунад; шаҳре, ки дар он мероси таърихӣ, фарҳанги миллӣ ва меъмории муосир дар паҳлуи ҳам ҷой гирифтаанд ва метавонад нуқтаи оғози як сафари гуногун дар Осиёи Марказӣ бошад.
Дар идомаи ин силсилаи гузоришҳо, мо ҳар яке аз ин мавзеъҳоро ба таври муфассал ва ҳамаҷониба муаррифӣ намуда, шуморо бо имкониятҳои сайёҳӣ ва ҷозибаҳои онҳо бештар ошно хоҳем кард. Бо мо ҳамроҳ бошед.