نشرات زنده
فارسی English عربي
49
-
الف
+

Ситоиш достони хонаводае дар имтиҳонҳои душвори зиндагӣ

Силсилафилми хотирмони Ситоиш пас аз дархостҳои пайдарпайи тамошобинон, аз имрӯз дубора аз шабакаи ifilm2 пахш мешавад

Ба гузориши ifilm 2, силсилафилми хотирмони «Ситоиш», ки дар солҳои гузашта борҳо аз ҷониби тамошобинон дархости бозпахши он пешниҳод шуда буд, аз имрӯз дубора ба ҷадвали пахши ifilm 2 бармегардад.

«Ситоиш» бо коргардонии Саьид Султонӣ ва нависандагии Саьид Матлабӣ, яке аз маъруфтарин силсилафилмҳои хонаводагии телевизиони Эрон аст, ки дар се мавсим таҳия шудааст. Ин силсилафилм бо тамаркуз ба муносибатҳои хонаводагӣ, фарқияти дидгоҳи наслҳо ва таъсири қарорҳои фардӣ бар сарнавишти хонаводаҳо, миёни тамошобинони форсизабони Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон ҷойгоҳи вижа пайдо кардааст.

Мавсими аввали ин силсилафилм достони зиндагии духтари ҷавоне бо номи Ситоишро ба тасвир мекашад; духтаре, ки барои наҷоти бародараш аз як буҳрони ҷиддӣ вориди роҳи душвор мешавад; роҳе, ки сарнавишти ӯро барои ҳамеша тағйир медиҳад. Ошноии ӯ бо «Тоҳир Фирдавс» оғози силсилаи рӯйдодҳоест, ки зиндагии чанд хонаводаро таҳти таъсир қарор медиҳад.

Дар ҷараёни достон, тамошобин бо қаҳрамононе рӯ ба рӯ мешавад, ки ҳар кадом миёни хостаҳои шахсӣ, масъулиятҳои хонаводагӣ ва эътиқодоти худ қарор гирифтаанд. «Ситоиш» танҳо як достони ишқӣ нест; балки ривояте аз фидокорӣ, вафодорӣ, гузашт ва чолиш миёни суннатҳои хонаводагӣ ва хостаҳои насли ҷавон аст.

Яке аз вижагиҳои барҷастаи ин силсилафилм, таваҷҷуҳ ба тағйири шахсиятҳо дар гузари замон аст. Достон нишон медиҳад, ки чигуна як қарор ё як рӯйдод метавонад масири зиндагии инсонҳоро тағйир диҳад ва паёмадҳои он солҳо бар муносибатҳои хонаводагӣ боқӣ бимонад. Ҳамин нигоҳи тадриҷӣ ва қаҳрамонмеҳвар боис шудааст, ки «Ситоиш» ба яке аз осори мондагори телевизион табдил шавад.

Фазои хонаводагӣ ва мавзуъҳои инсонӣ дар ин силсилафилм, аз ҷумла муносибати миёни падару модар ва фарзандон, аҳамияти интихоби ахлоқӣ ва талош барои ҳифзи пайванди хонаводагӣ, аз омилҳоест, ки онро барои тамошобинони кишварҳои форсизабон низ ҷолиб кардааст.

Дар мавсими аввали «Ситоиш», ҳунармандоне чун Дориюши Арҷманд, Меҳдӣ Покдил, Наргис Муҳаммадӣ, Меҳдӣ Сулукӣ, Симо Тирандоз, Ромсин Кибритӣ, Ҷамшед Машоихӣ, Қурбон Наҷафӣ, Маҳмуд Азизӣ, Заҳро Саьидӣ ва Шиво Хунёнгар нақш офаридаанд.

Бар асоси ин гузориш, мавсими аввали силсилафилми «Ситоиш» аз имрӯз, сешанбе 11-уми августи соли 2026, ҳар рӯз соати 19:00 ба вақти Теҳрон, 20:00 ба вақти Кобул ва 20:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи ifilm 2 пахш мешавад; ривояти мондагоре аз хонаводае, ки дар миёни имтиҳонҳои зиндагӣ роҳи душвори интихоб ва устувориро тай мекунад.

نظر شما
ارسال نظر