نشرات زنده
فارسی English عربي
150
-
الف
+

Дидори охирин бо Ҳошим ва Суҳроб Аз сарнавишт 4 ба поён мерасад

Қиссаи Ҳошим ва Суҳроб, ки аз рӯзҳои кӯдакӣ дар ятимхона оғоз шуда буд, имшаб бо пахши қисмати ниҳоии мавсими чоруми Аз сарнавишт ба истгоҳи охир мерасад

Силсилафилми «Аз сарнавишт 4» пас аз ҳамроҳии гарми тамошобинони ifilm 2 бо фарозу нишебиҳои зиндагии Ҳошим ва Суҳроб, имшаб ба қисмати ниҳоӣ мерасад; анҷоми ривояте, ки аз кӯдакӣ дар ятимхона оғоз шуда, ба таҷрибаҳои душвори давраи ҷавонӣ расид.

Ба гузориши ifilm 2, қисмати ниҳоии мавсими чоруми силсилафилми «Аз сарнавишт» имрӯз аз шабакаи ifilm 2 пахш мешавад. Ин мавсим идомаи ҳамон роҳест, ки тамошобинон аз мавсимҳои қаблӣ пайгирӣ кардаанд; роҳе, ки дар он Ҳошим ва Суҳроб аз ду кӯдаки бепарастор ба ҷавононе табдил шуданд, ки барои сохтани ояндаи худ бо мушкилоти иқтисодӣ, муносибатҳои печида, фиреб, ҷудоӣ ва асрори хонаводагӣ рӯ ба рӯ шуданд.

Дар мавсими чорум, Ҳошим пас аз сипарӣ кардани муҳлати маҳбас кӯшиш мекунад зиндагии худро дубора ба роҳ монад; аммо бозгашт ба зиндагии одӣ ба осонӣ имконпазир нест. Мушкилоти корӣ, захмҳои эҳсосӣ ва паёмадҳои қарорҳои гузашта ҳанӯз ҳам бахше аз роҳи ӯро шакл медиҳанд. Дар канори ин моҷаро, муносибати Ҳошим ва Ниғма низ бо имкони тозае барои барқарорсозӣ рӯ ба рӯ мешавад.

Суҳроб низ дар ин мавсим бо марҳилаи нави зиндагии хонаводагӣ рӯ ба рӯ мешавад. Ӯ ва ҳамсараш Орзу қарор мегиранд сарпарастии як кӯдаки ятимро ба уҳда гиранд; тасмиме, ки ба як маъно бозтоби гузаштаи худи онҳост ва мафҳумҳои хонавода, сарпарастӣ ва фурсати дубораро дар маркази достон қарор медиҳад.

«Аз сарнавишт 4» дар муқоиса бо мавсимҳои аввал бештар ба мафҳумҳое чун бахшиш, масъулиятпазирӣ, хонавода ва паёмадҳои интихоби гузашта тамаркуз дорад; мавзуъҳое, ки ривояти Ҳошим ва Суҳробро аз як достони марбут ба даврони кӯдакӣ фаротар бурда, ба таҷрибаҳои инсонӣ ва қобили дарки тамошобинони форсизабон табдил додаанд.

Дар ин мавсим Доро Ҳайоӣ, Кайсон Дебоҷ, Фотимо Баҳормаст, Мино Каримӣ, Ҳусайн Покдил, Лайло Булукот, Маҷид Вошиқонӣ, Сулмоз Ғанӣ, Соноз Саьидӣ ва Нигин Сидқгӯё нақш офаридаанд.

Қисмати ниҳоии «Аз сарнавишт 4» имрӯз соати 19:00 ба вақти Теҳрон, 20:00 ба вақти Кобул ва 20:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи ifilm 2 пахш мешавад.

Аз фардо низ мавсими аввали силсилафилми «Ситоиш» дар ҳамин вақт ҷойгузини «Аз сарнавишт 4» хоҳад шуд.

نظر شما
ارسال نظر