Бо наздик шудани қисматҳои поёнии силсилафилми «Расми ошиқӣ», шабакаи ifilm2 аз ҷумъа, 14 августи соли 2026 силсилафилми хонаводагӣ ва мазҳакавии «Шамъдонӣ»-ро ба намоиш мегузорад; силсилафилме, ки бо нигоҳи ҳаҷвомез, чолишҳо ва шириниҳои зиндагии ду хонаводаро ба тасвир мекашад ва яке аз осори шохиси Суруш Сиҳҳат дар жанри мазҳакаи хонаводагӣ ба шумор меравад.
«Шамъдонӣ» ба қалами Суруш Сиҳҳат ва Имон Саффоӣ ва бо таҳиягарии Муҳсин Чигинӣ соли 2015 истеҳсол шудааст. Ин силсилафилм бо такя бар мазҳакаи вазъиятӣ, ба ҷойи шӯхиҳои муболиғаомез, аз дили муносибатҳои ҳаррӯза ва тафовути нигоҳи наслҳо, мавқеиятҳои хандаовару ҳамзамон андешабарангез меофарад; вижагие, ки ҳангоми пахш бо истиқболи густурдаи тамошобинон рӯ ба рӯ шуд.
Достон зиндагии ду хонаводаи Музаффарӣ ва Саодатиро пайгирӣ мекунад; хонаводаҳое, ки ихтилофи завқ, нофаҳмиҳо, нигарониҳои тарбиявӣ, муносибатҳои ҳамсоягӣ ва масъалаҳои иҷтимоӣ ҳар рӯз онҳоро бо моҷароҳои тоза рӯ ба рӯ месозанд. Ривояти силсилафилм бештар аз он ки бар як достони воҳид устувор бошад, аз маҷмӯаи рӯйдодҳои пайваста шакл гирифта, тасвире самимӣ ва ошно аз зиндагии шаҳриро пешкаши бинанда мекунад.
Яке аз нуқтаҳои қуввати силсилафилми «Шамъдонӣ» қаҳрамонҳои он мебошанд, ки ҳар кадом бо хусусиятҳои хоси худ бахше аз воқеияти зиндагии хонаводаҳои имрӯзаро бозтоб медиҳанд. Ҳамин вижагӣ боис шудааст, ки бисёре аз мавқеиятҳои ин силсилафилм барои форсизабонони Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон низ ошно ва қобили ҳамдардӣ бошад.
Дар ин силсилафилм Отана Фақеҳнасирӣ, Муҳаммад Нодирӣ, Видо Ҷавон, Амир Козимӣ, Руъё Мирьилмӣ, Ҳасан Маьҷунӣ, Муҳаммадризо Довуднажод, Муҳсин Қозимуродӣ, Нигор Обидӣ ва Ирфон Барзин нақш офаридаанд.
Бар асоси ин барнома, силсилафилми «Шамъдонӣ» аз ҷумъа, 14 августи соли 2026 ҳар рӯз соати 18:00 ба вақти Теҳрон, 19:00 ба вақти Кобул ва 19:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи iflm2 пахш мешавад.