نشرات زنده
فارسی English عربي
86
-
الف
+

«Моҳӣ дар шаст» Ҷоизаи бузурги ҷашнвораи байналмилалии Русияро ба даст овард

Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» барандаи Ҷоизаи бузурги Ҳафтумин ҷашнвораи байналмилалии филми «Дарвозаҳои Ғарб» шуд.

Ба гузориши iFilm2 ба нақл аз хабаргузории «Ховар», филми муштараки Эрону Тоҷикистон бо номи «Моҳӣ дар шаст» дар Ҳафтумин ҷашнвораи байналмилалии филми «Дарвозаҳои Ғарб», ки аз 23 то 26 июли соли 2026 дар шаҳри Псков-и Русия баргузор шуд, сазовори Ҷоизаи бузурги ҷашнвора гардид.
Бино ба ин гузориш, дар бахши озмунии байналмилалии ҷашнвора 9 филм аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон барои дарёфти Ҷоизаи бузург ба намоиш гузошта шуданд. Дар маҷмӯъ, бо дарназардошти ҳамаи бахшҳои ҷашнвора, 100 филм пешкаши тамошобинон гардид.
Филми «Моҳӣ дар шаст» то имрӯз дар 14 ҷашнвораи байналмилалӣ ширкат карда, соҳиби 10 ҷоизаи бонуфузи байналмилалӣ шудааст.
Ин филм соли 2024 дар Тоҷикистон ба навор гирифта шуда, саргузашти наврасе бо номи Далер-ро қисса мекунад, ки дар мактаб-интернати шабонарӯзӣ зиндагӣ мекунад ва барои пайдо кардани модараш ба сафари тӯлонӣ мебарояд.
Ин асар бар асоси филмномаи Бахтиёр Каримов ва бо коргардонии Муҳиддин Музаффар дар моҳҳои май ва июни соли 2024 дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои Бӯстон, Айнӣ, Панҷакент, Мӯъминобод, Ваҳдат, Норак ва шаҳри Душанбе ба навор гирифта шудааст.
Дар нақшҳои асосии филм Хуршед Мустафоев, Сайёра Сафарӣ, Абдулло Абдурраҳимзода, Шаҳло Раҳимӣ, Исфандиёр Ғуломов, Моҳпайкар Ёрова, Асадбек Назаров ва Аслоншоҳ Раҳматуллоев ҳунарнамоӣ кардаанд.
Дар ин филм манзараҳои зебои Тоҷикистон, аз ҷумла роҳҳои кишвар, рушди шаҳрсозии Душанбе, табиати кӯҳистонии водии Зарафшон, манотиқи кӯҳии Мӯъминобод, инчунин фарҳанг ва тамаддуни мардуми тоҷик ба таври шоиста ба тасвир кашида шудаанд.
Қобили зикр аст, ки нахустин намоиши ҷаҳонии филми «Моҳӣ дар шаст» рӯзи 3 октябри соли 2025 дар Ҷашнвораи байналмилалии филми Шлингел дар Олмон баргузор шуда буд.

نظر شما
ارسال نظر