Ба гузориши iFilm 2, Акбар Абдӣ, ҳунарпешаи саршиноси синамо, телевизион ва театри Эрон, рӯзи ҷумъа, 24-юми июл соли соли 2026, дар синни 66-солагӣ даргузашт.
Ӯ дар моҳҳои охир бо бемории қалб мубориза мебурд ва чанде пеш бар асари сактаи қалбӣ дар бемористон бистарӣ шуда буд. Бо вуҷуди беҳбудии нисбӣ ва идомаи муолиҷа, рӯзи гузашта аз олам даргузашт.
Акбар Абдӣ 26-уми августи соли 1960 дар Теҳрон ба дунё омадааст. Ӯ фаъолияти ҳунарии худро дар охири даҳаи 1970 аз театр оғоз кард ва дар даҳаи 1980 бо нақшофаринӣ дар силсилафилмҳои телевизионии «Масалобод», «Маҳаллаи буру биё» ва бахусус «Боз ба мактабам дер шуд» ба шуҳрат расид. Вуруди ӯ ба синамо низ бо филми «Ҷанҷоли бузург» сурат гирифт ва ба зудӣ ба яке аз чеҳраҳои маҳбуб ва пуркори синамои Эрон табдил ёфт.
Акбар Абдӣ дар тӯли беш аз чаҳор даҳаи фаъолияти ҳунарии худ дар даҳҳо филми синамоӣ, силсилафилми телевизионӣ ва намоишҳои театрӣ ҳунарнамоӣ кард. Ӯ бо маҳорати камназири худ дар иҷрои нақшҳои ҳаҷвӣ, ҷиддӣ ва ҳамчунин образҳои ғайриодӣ, ҷойгоҳи вижае дар миёни ҳунармандони эронӣ пайдо намуд. Вай аз ҷумлаи ҳунарпешагоне буд, ки дар баробари нақшҳои мазҳакавӣ, дар осори драмавӣ низ нақшҳои мондагор офарид.
Аз муҳимтарин осори синамоии ӯ метавон ба филмҳои «Иҷоранишинҳо», «Модар», «Одамбарфӣ», «Ҳунарпеша», «Дузди лӯхтакҳо», «Носириддиншоҳ актёри синамо», «Эй Эрон», «Хобам меояд» ва маҷмуаи филмҳои «Ихроҷиҳо» ишора кард. Ҳамчунин силсилафилмҳои «Имом Алӣ (а)», «Дар чашми бод», «Боз ба мактабам дер шуд», «Масалобод» ва «Маҳалла, буру биё» аз осори мондагори ӯ ба шумор мераванд; осоре, ки бисёре аз онҳо дар Афғонистон ва Тоҷикистон низ бо истиқболи гарми бинандагони форсизабон рӯбарӯ шуданд.
Акбар Абдӣ дар тӯли фаъолияти худ ба ҷоизаҳои сершумор низ мушарраф гардид. Ӯ барои нақшофаринӣ дар филми «Модар» ба коргардонии Алӣ Ҳотамӣ нахустин Симурғи булӯрини Ҷашнвораи филми Фаҷр-ро соҳиб шуд ва солҳои баъд барои бозӣ дар филми «Хобам меояд» ба коргардонии Ризо Атторон дувумин Симурғи булӯрини худро дарёфт кард. Мунаққидон ҳамеша аз маҳорати ӯ дар офаридани образҳои гуногун, чеҳрапардозиҳои ҳирфаӣ ва иҷрои нақшҳои занона ва мардона ҳамчун яке аз вижагиҳои барҷастаи корномаи ҳунарии ӯ ёд мекарданд.
Пас аз интишори хабари даргузашти ин ҳунарманд, Президенти Эрон, масъулони фарҳангӣ, Хонаи синамо, синамогарон ва шумори зиёде аз ҳунармандони эронӣ бо интишори паёмҳои таслият, ин мусибатро ба хонаводаи ӯ ва ҷомеаи ҳунарӣ изҳори ҳамдардӣ намуда, аз нақши таъсиргузори Акбар Абдӣ дар таърихи синамо ва телевизиони Эрон қадрдонӣ карданд.
Даргузашти Акбар Абдӣ поёни зиндагии яке аз маҳбубтарин ва таъсиргузортарин ҳунармандони синамои Эрон аст; ҳунарманде, ки бо нақшофариҳои мондагори худ барои чанд насли бинандагони форсизабон дар Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон хотираҳои фаромӯшнашаванда ба ёдгор гузошт.