Ба гузориши iFilm 2, синамои Тоҷикистон ва Эрон дар Чаҳорумин ҷашнвораи байналмилалии филмҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (SCO) ҳузури муваффақона доштанд ва ҳунармандони эронӣ ва тоҷик ва филми муштараки ду кишвар тавонистанд ду ҷоизаи муҳими ин рӯйдодро ба даст оранд.
Ин ҷашнвора аз 16 то 19 июли соли 2026 дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон баргузор шуд ва филмҳои Тоҷикистон, Эрон, Чин, Русия, Қирғизистон, Беларус, Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар бахши рақобатии он ба намоиш гузошта шуданд.
Дар ин давраи ҷашнвора Хуршед Мустафоев ва Абдулло Абдурраҳимзода барои нақшофаринӣ дар филми муштараки Тоҷикистону Эрон «Моҳӣ дар шаст» ба таври муштарак соҳиби ҷоизаи Беҳтарин нақши мард аз ҳайати доварони байналмилалӣ шуданд. Ҳамчунин Шабнам Қурбонӣ, ҳунарпешаи эронӣ, барои нақшофаринӣ дар филми «Қиморбоз» ҷоизаи Беҳтарин нақши зани ҷашнвораро соҳиб гардид.
Филми «Моҳӣ дар шаст» маҳсули ҳамкории шабакаи iFilm, Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва ду ширкати эронӣ ва тоҷикистонӣ буда, коргардонии онро Муҳйиддин Музаффар бар уҳда доштааст. Ин асар намунаи муваффақи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва синамоии Тоҷикистону Эрон ба шумор меравад.
Достони филм аз зиндагии наврасе бо номи Далер қисса мекунад, ки дар мактаб-интернати шабонарӯзӣ зиндагӣ мекунад ва ҳамроҳи марде бо номи Самад барои пайдо кардани модараш ба сафари тӯлонӣ мебарояд. Ин сафар мафҳумҳое чун умед, каромати инсонӣ ва таҳаввули ботинии қаҳрамонҳоро ба тасвир мекашад.
Наворбардории ин филм соли 2024 дар шаҳрҳо ва минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе, Бӯстон, Айнӣ, Панҷакент, Муъминобод, Ваҳдат ва Норак анҷом шуда, гӯшаҳое аз табиат, фарҳанг ва тамаддуни Тоҷикистонро ба намоиш мегузорад.
Дар нақшҳои асосии ин филм Хуршед Мустафоев, Сайёра Сафарова, Абдулло Абдураҳимзода, Шаҳло Раҳимӣ, Исфандиёр Ғуломов, Моҳпайкар Ёрова, Асадбек Назаров ва Аслоншоҳ Раҳматуллоев нақш офаридаанд.
Коршиносон филми «Моҳӣ дар шаст»-ро намунаи муваффақи густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ миёни Тоҷикистону Эрон медонанд; ҳамкорие, ки бо такя бар муштаракоти таърихӣ, тамаддунӣ ва забонии ду кишвар метавонад заминаи рушди тавлидоти муштарак ва таҳкими дипломатияи фарҳангиро дар минтақа фароҳам созад.