Баъзан баъзе достонҳо танҳо ривояти чанд қаҳрамон нестанд; балки сафари бузург шудан, шикаст хӯрдан, истодагӣ кардан ва дубора оғоз намудан мебошанд. Силсилафилми «Аз сарнавишт», ки дар рӯзҳои гузашта бо ривояти пурпечутоби худ бинандагони АйФилм2-ро ҳамроҳ сохта буд, имшаб 27-уми майи соли 2026 ба поёни фасли дувум мерасад; аммо анҷоми ин фасл дар асл дарвозаи вуруд ба марҳилаи тоза ва печидатаре аз зиндагии қаҳрамонҳои асосии достон аст. Аз фардо, 28-уми майи 2026, фасли севуми ин силсилафилм пахш хоҳад шуд.
Дар фасли дувум, бинандагон шоҳиди гузаштани «Ҳошим» ва «Суҳроб» аз солҳои душвори наврасӣ буданд; марҳилае, ки онҳо талош карданд миёни мушкилоти иқтисодӣ, беэътимодӣ ва фишорҳои зиндагӣ роҳи мустақили худро пайдо кунанд. Ин фасл бо нигоҳи воқеъбинона мавзӯъҳое чун талош барои рӯзгузаронӣ, масъулиятпазирӣ ва таъсири тасмимҳои шахсӣ бар ояндаро ба тасвир кашид; мавзӯъҳое, ки барои бисёре аз хонаводаҳои Афғонистон ва Тоҷикистон низ ошно ва қобили дарк мебошанд.
Аммо фасли севум қаҳрамонҳоро вориди марҳилаи дигар мекунад. Акнун оромиши нисбии зиндагии «Ҳошим» ва «Суҳроб» бо рӯйдодҳои нав рӯбарӯ мешавад. Дар ҳоле ки «Ҳошим» худро барои оғози зиндагии муштарак омода мекунад, ворид шудани ногаҳонии ӯ ба як парвандаи печидаи қочоқ, роҳи ояндаи ӯро бо норавшанӣ рӯбарӯ месозад. Ҳамзамон, «Суҳроб» низ бо ҳақиқате аз гузашта рӯбарӯ мешавад, ки метавонад нигоҳи ӯро нисбат ба ҳувият ва сарнавишташ дигаргун созад.
Фасли севум нисбат ба фаслҳои пешин бештар бар мафҳуми ҳувият, тааллуқ ва паёмадҳои интихобҳо тамаркуз дорад; масъалаҳое, ки қабатҳои тозае ба достон меафзоянд.
Дар ин силсилафилм ҳунармандоне чун Кейсон Дибоҷ, Доро Ҳайоӣ, Фотима Баҳормаст, Пурё Пурсурх, Лайло Булукот, Маҷид Вошиқонӣ, Ҳусайн Покдел ва шумори дигар ҳузур доранд.
Бар асоси ин гузориш, қисми поёнии фасли дувуми «Аз сарнавишт» имшаб пахш мешавад ва фасли севуми ин силсилафилм аз фардо соати 19:00 ба вақти Теҳрон, 20:00 ба вақти Кобул ва 20:30 ба вақти Душанбеи Тоҷикистон аз шабакаи АйФилм2 пахш хоҳад шуд.