نشرات زنده
فارسی English عربي
100
-
الف
+

Имшаб пардаи охири як набарди хомӯш канор меравад; «Бесадо фарёд кун» ба истгоҳи поёнӣ расид

Сериали «Бесадо фарёд кун» имшаб ба поён мерасад ва бинандагон шоҳиди анҷоми як ривояти иҷтимоӣ–амниятии пуртаълиқ хоҳанд буд.

Парвандае, ки бо чанд марги машкук оғоз шуд, ба шабакае печида аз қочоқ, фасод ва таҳдидҳои пинҳонӣ расид ва акнун пас аз рӯзҳо намоиши достони нафасгир ва гиреҳҳои пайдарпай, сериали «Бесадо фарёд кун» имшаб, 26-уми январи соли 2026 ба қисми ниҳоии худ мерасад; шабе, ки бисёре аз розҳои пинҳони достон ниҳоят чеҳраи воқеии худро ошкор хоҳанд кард.
Ин сериал ба нависандагӣ ва коргардонии Меҳдӣ Фахимзода дар қолаби як дроми иҷтимоӣ–амниятӣ таҳия шуда, дар тӯли пахши худ тавонист бо фазои пуртаниш ва ривояти чандқабата, бинандагонро бо масири печидаи таҳқиқ, таҳдид ва рӯёрӯӣ ҳамроҳ созад. Дар қисматҳои гузашта, бинандагон шоҳиди густариши абъоди парвандае буданд, ки аз чанд қурбонии ношинос оғоз шуд, аммо ба як шабакаи созмонёфта ва хатарнок расид.
Дар маркази ин рӯёрӯӣ, шахсияти «Чангиз Туронӣ» қарор дорад; шахсе, ки фаъолиятҳои ӯ занҷираи рӯйдодҳои печидаро рақам зад. Дар сӯи дигар, талошҳои доктор Лайло Афхамӣ ва сарҳанг Боқирӣ барои кашфи ҳақиқат, достонро ба нуқтае расонд, ки акнун бисёриҳо мунтазири анҷоми он ҳастанд.
Аз нуктаҳои барҷастаи ин сериал, пардохтан ба мавзӯъҳое фаротар аз як ривояти экшн будааст; масоиле чун осебҳои иҷтимоӣ, паёмадҳои ҷароими созмонёфта ва таъсири таҳдидҳои пинҳонӣ бар зиндагии мардум, ба достон буъде наздик ба воқеият бахшидааст.
Дар ин асар Меҳдӣ Фахимзода, Муҳаммад Содиқӣ, Соро Хуйниҳо, Фарибо Кавсарӣ, Комрон Тафтӣ, Лайло Бархурдорӣ ва Фарҳод Қоимиён ҳузур доранд.
Бар асоси ин гузориш, қисми поёнии сериали «Бесадо фарёд кун» имрӯз соати 17:00 ба вақти Теҳрон, 18:00 ба вақти Кобул ва 18:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи Айфилм2 пахш мешавад. Ҳамчунин аз фардо сериали «Полиси ҷавон» ҷойгузини ин сериал хоҳад шуд.

نظر شما
ارسال نظر