نشرات زنده
فارسی English عربي
41
-
الف
+

Филми синамоии «Нуфузӣ»; қиссае аз ҷанг, шак ва доварӣ

Шабакаи Айфилм2 бо пахши филми «Нуфузӣ» ривояте аз парвандаҳои печидаи пас аз ҷангро пешкаши бинандагон намуда, таваҷҷуҳи онҳоро ҷалб мекунад.

Филми синамоии «Нуфузӣ» ба коргардонии муштараки Аҳмад Коварӣ ва Меҳдӣ Фаюзӣ, рӯзи панҷшанбе 28 майи соли 2026 аз шабакаи Айфилм2 пахш мешавад.
Ин филм дар жанри муаммоӣ-ҷангӣ таҳия шуда, бо такя бар як ривояти пуртаниши амниятӣ ба яке аз мураккабтарин мавзӯъҳои пас аз ҷанг мепардозад: сарнавишти асирон ва бозгашти онҳо ба ватан.
Филмномаи «Нуфузӣ» бар асоси хотироти як асири ҷангӣ ва бо илҳом аз китоби «Ҳикояти зимистон», навиштаи Саъид Окиф таҳия гардидааст. Ин филм дар Ҷашнвораи филми Фаҷр низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, дар бистуҳаштумин давраи ин ҷашнвора соҳиби «Симурғи булӯрӣ» барои беҳтарин филми аввал ва беҳтарин филм аз нигоҳи тамошобинон гардид.
Қиссаи филм дар бораи «Фаридун Киёнфар» аст; асире, ки пас аз тақрибан 20 сол ба ватан бармегардад, аммо бозгашти ӯ ба ҷойи оромиш, оғози як буҳрони нав мешавад. Ӯ ба маҳзи ворид шудан ба кишвар боздошт гардида, дар баробари бозпурсиҳои печидаи ниҳодҳои амниятӣ қарор мегирад, зеро дар гузашта иттиҳомҳое чун ҳамкорӣ бо душман ва нақш доштан дар рӯйдодҳои хунин ба ӯ нисбат дода шуда буд.
Дар ҷараёни баррасии парванда, кормандони амниятӣ бо истифода аз шаҳодатҳои афроди гуногун — аз ҷумла ҳамбандони пешин ва шахсиятҳое, ки бо гузаштаи ӯ ошноянд — талош мекунанд ҳақиқатро равшан созанд. Ҳамзамон, зиндагии хонаводагии Фаридун низ зери таъсири бадномии гузаштааш қарор гирифта, ҳатто ояндаи фарзандаш бо мушкил рӯбарӯ мешавад.
Вуруди шахсияти «Мошоаллоҳ», як собиқадори камбинои ҷанг, ба ҷараёни таҳқиқ, қабати навиеро ба қисса меафзояд ва самти ривоятро ба сӯи пурсишҳои амиқи ахлоқӣ ва инсонӣ мебарад; пурсишҳое дар бораи ҳақиқат, доварӣ ва бахшиш.
Дар ин филм ҳунармандоне чун Амир Ҷаъфарӣ, Ҷамшед Ҳошимпур, Насрин Муқонлу, Қосим Зореъ, Амирризо Даловари, Муҳаммад Косибӣ, Ромин Ростод, Алиром Нуроӣ ва дигарон нақш офаридаанд.
«Нуфузӣ»-ро метавон яке аз осори фарқкунандаи синамои ҷангӣ донист, ки ба ҷойи тамаркуз бар майдони набард, паёмадҳои ҷанг ва захмҳои пинҳони онро дар зиндагии инсонҳо ба тасвир мекашад; мавзӯе, ки барои мухотабони Афғонистон ва Тоҷикистон низ қобили дарк ва андешабарангез аст.
Филми синамоии «Нуфузӣ» рӯзи панҷшанбе 28 майи соли 2026 соати 20:00 ба вақти Теҳрон, 21:00 ба вақти Кобул ва 21:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи «Айфилм2» пахш хоҳад шуд.

نظر شما
ارسال نظر