Филми телевизионии «Зиндагии хусусии Амир» ба коргардонии Сирус Муқаддам, аз чеҳраҳои шинохташуда дар тавлиди осори иҷтимоӣ, ин ҳафта ба ҷадвали нашри шабакаи Айфилм2 роҳ ёфтааст; асаре бо дарунмояи ошиқона ва иҷтимоӣ, ки қарор аст рӯзи панҷшанбе 7 майи 2026 нашр шавад.
Ин филм, ки ба таҳиякундагии Илҳом Ғафурӣ ва бар асоси филмномае аз Саид Давлатхонӣ сохта шудааст, дар фазое эҳсосӣ ва то ҳадде печида, ба баррасии равобити инсонӣ, интихобҳои сарнавиштсоз ва паёмадҳои он дар зиндагии афрод мепардозад. Сирус Муқаддам, ки бештар бо осори пурмухотаби телевизионӣ шинохта мешавад, дар ин асар низ талош кардааст бо ривояти равон ва наздик ба воқеият, мухотабро даргири достоне ламсшаванда созад.
Достони «Зиндагии хусусии Амир» гирди меҳвари равобите қадимӣ ва пурчолиш шакл мегирад; ҷое ки «Беҳрӯз» ҳанӯз даргири ишқи гузаштаи худ ба «Судоба» аст — зане ки масири зиндагияш дучори инҳироф шуда ва вориди дунёе мутафовит аз гузашта гардидааст. Бо ин ҳол, пайванди отифӣ миёни ин ду ҳамчунон побарҷост ва ҳамин мавзӯъ заминасози кашмакашҳои дарунӣ ва берунӣ мешавад.
Вуруди «Амир», хоҳарзодаи Судоба, ба достон, муодилотро печидатар мекунад. Дар нигоҳе нахуст, чунин ба назар мерасад ки ӯ ва Беҳрӯз дар як рақобати отифӣ қарор доранд; аммо бо пешрафти ривоят, лояҳои пинҳонтаре аз равобити миёни шахсиятҳо ошкор мешавад ва зеҳни мухотабро ба чолиш мекашад. Ин бозӣ бо зеҳни бинанда, аз нукоти қобили таваҷҷуҳ дар сохтори достонии филм ба шумор меравад.
Дар бахши бозигарӣ, ҳузури Якто Носир дар нақши Судоба, дар канори Маҳдӣ Сулукӣ дар нақши Амир ва Маҷид Саидӣ дар нақши Беҳрӯз, ба инсичом ва таъсиргузории асар кумак кардааст. Ҳамчунин бозигароне чун Пурандухт Маҳиман, Муртазо Козимӣ ва Ҳадиса Теҳронӣ бо нақшофариниҳои мукаммил, фазои достонро ғанитар сохтаанд. Таркиби ин чеҳраҳо, ба вижа дар як ривояти эҳсосӣ, боис шудааст то иртиботи отифии мухотаб бо шахсиятҳо тақвият гардад.
Аз назари мазмунӣ, «Зиндагии хусусии Амир» ба мавзӯъоте чун ишқ, хато, бахшиш ва бозгашт ба масири дурусти зиндагӣ мепардозад. Ривояти нисбатан ором ва тадриҷии достон, фурсат медиҳад то бинанда бо таҳаввулоти шахсияти короктерҳо ҳамроҳ шавад ва тасмимҳои ононро беҳтар дарк кунад.
Дар маҷмӯъ, ин филмро метавон асаре донист, ки бо такя бар равобити инсонӣ ва эҳсосоти печида, талош дорад тасвире воқеӣ аз фарозу нишебҳои зиндагӣ ироа диҳад; ривояте ки беш аз ҳар чиз бар интихобҳои фардӣ ва таъсири он бар сарнавишт таъкид дорад.
Филми телевизионии «Зиндагии хусусии Амир» рӯзи панҷшанбе 7 майи 2026 соати 20:00 ба вақти Теҳрон, 21:00 ба вақти Кобул ва 21:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи Айфилм2 нашр хоҳад шуд.